Шарҳи вазъи ҳолатҳои фавқулодда аз чоп баромад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солномаи навбатии «Шарҳи вазъи ҳолатҳои
фавқулодда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли
2017»
-ро бо дастгирии молияви САҲА интишор дод.

Шарҳ таҳлили фарогири ҳолатҳои фавқулоддае, ки соли 2017 дар қаламрави кишвар ба қайд гирифта шуда буданд, дар бар мегирад. Ҳамчунин татбиқи чорабиниҳо оид ба ҳимояи аҳолӣ ва ҳудуди кишвар аз ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ, ки Кумита тарҳрезӣ кардааст, мавриди таҳилу баррасӣ қарор гирифтааст. 

Ғайр аз ин маҷалла ахбор дар бораи пешгирӣ, дурнамо ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, мониторинги кӯли Сарез, чорабиниҳои алоқаманд бо иншоотҳои радиатсионӣ ва кимиёвӣ, ҷамъбасти фаъолиятҳои хизматии КҲФ ва МГ оид ба ҷустуҷӯ ва наҷоти одамони зарардидаву ҷабрдида дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ, расонидани кумакҳои аввалияи тиббӣ ва интиқоли онҳо ба муассисаҳои табобатӣ ва ғайраро фароҳам овардааст. 

Дар Шарҳ чорабиниҳо оид ба таҳкими зарфиятҳои КҲФ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда инъикоси худро ёфтаанд. 

Шарҳи мазкур ба вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, сафорати кишварҳои хориҷии муқими Тоҷикистон ирсол карда хоҳад шуд.  

Муфассал бо Шарҳ ошно шавед: 
Шарҳи вазъи ҳолатҳои фавқулодда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017