ЭҲТИЁТ ШАВЕД! Пешниҳоди «дӯстӣ», баҳсҳои мазҳабӣ – нишонаи аввали ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро
Чоп шуд: 13/06/2018 | adminПешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти прокуратура ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ таъкид карда буданд, ки муборизаро бо ҷиноятҳои иттилоотӣ, кибертерроризм ва ҷиноятҳое, ки тавассути шабакаҳои интернетӣ содир мегарданд, ҷоннок намоянд.
Чанд моҳи охир паҳншавии маълумоти дурӯғ ва дастраси дигарон гардидани маълумоти шахсии корбарон дар Facebook ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ба мавзӯи баҳси сиёсатмадорону таҳлилгарон ва коршиносон табдил ёфтааст.