Алайҳи терроризм муборизаи беамон бояд бурд
Чоп шуд: 19/06/2018 | adminРаванди мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм нишон медиҳад, ки имрӯз ҷилавгирӣ аз ин зуҳуроти номатлуб муттаҳидӣ ва ҳамоҳангии фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ ва қишрҳои гуногуни ҷомеаро тақозо дорад. Солҳои охир дар Аврупо, Шарқи Наздик, Африқо, Осиёи Марказӣ ва ИМА содир шудани садҳо ҷинояти дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ аз хатари глобалӣ доштани ин зуҳурот шаҳодат медиҳад.