Ним моҳ аз сели харобиовар дар ноҳияҳои Фархор ва Панҷи вилояти Хатлон сипарӣ шуд. Сел харобиҳои зиёд овард, ду нафар бар асари он ҳалок шуданд, хонаҳо зери обу гил монданд, роҳҳо хароб, пулҳо хароб шуданд. Бо гузашти ин ним моҳ зиндагӣ дар ин минтақаҳо тадриҷан ба ҳолати аввал бармегардад. Вале ҳоло корҳои зиёдеро бояд анҷом дод, то оқибати ин сели харобиовар бартараф карда шавад.
Бо мақсади иттилоърасонӣ дар мавриди ҳолатҳои фавқулоддаи пешбинишаванда ва бавуҷудомада, чораҳои андешидашуда оид ба таъмини бехатарии аҳолӣ ва қаламрави кишвар, равишҳо ва усулҳои ҳимоя, ҳамчунин роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар самти мудофиаи гражданӣ, ҳимояи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда дар сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда пайваста хабарҳо, огоҳиҳо ва тавсияҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҷо дода мешаванд, ки баъдан ин хабарҳо аз он ба радио, телевизион, пойгоҳҳои хабарии давлативу хусусӣ, дохиливу хориҷӣ интишор меёбанд.
Боронҳои шадиди рӯзҳои 16-18-уми майи соли 2018 сабабгори омадани сел дар ду ноҳияи вилояти Хатлон шуданд. Дар ноҳияи Панҷ: деҳаҳои Коммунизм, Пешқадами ҷамоати Намуна, деҳаи Селгаи ҷамоати Кабуд Сайфуддинов ва деҳаи Отчопари ҷамоати Озодагон, дар ноҳияи Фархор бошад, деҳаҳои Сурхоб ва Нурмат Сафарови ҷамоаи Ғалаба. Дар ноҳияи Панҷ 1471 хоҷагӣ сари вақт кӯчонида шуданд, дар ноҳияи Фархор бошад 135 хоҷагӣ ба ҷойи дигар интиқол дода шуданд.
Барои андешидани чораҳо ва татбиқи амалии он гурӯҳҳои корӣ бо сарварии ҷонишинони раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардид, ки худи ҳамон рӯз ба минтақҳои офатзада эъзом шуданд. Ҳамчунин бо мақсади муайян намудани мизони зарари расида ва ҳаҷми вароншудаҳо Комиссия аз ҳисоби намояндагони Кумитаи сохтмон ва меъмори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори вилояти Хатлон созмон дода шуд.
Аз ҷониби наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон танҳо дар таърихи 17-уми май 12 хонаи истиқоматӣ аз лойу лойоба тоза карда шуд. Наҷотдиҳандагони КҲФ дар ноҳияи Фархор дар заврақҳо 40 нафарро ба макони амн интиқол доданд.
Барои анҷоми корҳои поксозӣ дар ҷамоатҳои зарардида ва деҳаҳо қарор қабул шуд, ки сарбозон, афсарони воҳидҳои низомии Кумита, ки дар қаламрави вилояти Хатлон ҷойгиранд, ҷалб шаванд. Дар ҷараёни роҳандозии ин ҳама корҳои поккорӣ онҳо 977 хонаҳои зарардидаро аз лою лойоба ва сангу хору хас тоза карданд. Ҳамчунин кӯчаҳои зиёде аз пасмондаи сел тоза карда шуданд, поксозии роҳҳо, қитъаҳои наздиҳавлигӣ ҳамоно дар ҷараёнанд, корҳои соҳилбандӣ дар соҳилҳои дарёи Сурхоб идома доранд. Ҷасади ҳайвоноти мурда берун оварда шуда, корҳои беҳдоштӣ анҷом дода шуданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулаҳмадзода 17-уми май ҷаласаи ситоди фаврии бартарафсозии оқибатҳои офати табиро гузаронд, ки дар он барои барқарорсозии қитъаҳои зарардида чорабиниҳо роҳандозӣ шуданд.
Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Панҷ 977 хонаҳои селзадаро аз назар гузаронд. Ошкор шуд, ки дар натиҷаи офати табиӣ 20 хонаи истиқоматӣ пурра вайрон шуд, 8 хона қисман зарар дид, 949 иншоотҳои ёрирасон ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ, бинои як мактаб, 7.838 км роҳи мошингард, 4 пул, 5.061 км хати интиқоли нерӯи барқ, 0,5 км иншоотҳои соҳилмутаҳкамкунанда, 41.8 км селбурда, 8 адад стансияи насосӣ ва иншооти гидротехникӣ, 738.58 га замини кишт ва 3 боғ қисман хароб шудааст.
Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Фархор муайян намуд, ки офати табиӣ 6 хонаи истиқоматиро вайрон кард, ба 11 хона, 114 иншоотҳои ёрирасон ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ, 3.3 км роҳи байни деҳаҳо, 0,95 км хати интиқоли нерӯи барқ, 24.02 км канал, 15.6 км шабакаҳои коллекторӣ-дренажӣ, 6.72 га қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, 272.14 га заминҳои кишт қисман зарар расонд.
Мутаассифона, дар ин офати табиӣ ду нафар ҷони худро аз даст доданд.
Хизматчиёни ҳарбии КҲФ корҳои зеринро анҷом доданд:
- аз гилу лой тоза кардани хонаҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ;
- пок кардани шохи дарахтон ва сербурдаҳо;
- тоза намудани роҳҳои байни деҳаҳо аз лойу гил ва сангрезаҳо;
- кашидани об аз хонаҳо ва кӯчаҳо, тоза намудан ва гузаронидани корҳои беҳдоштӣ дар хонаҳо;
- расонидани маводи хӯрока барои аҳолии зарардида.
Ҳамчунин барои роҳандозии корҳои бартарафсозӣ техникаи махсус ҷалб карда шуд.
Мақомоти ҳокимияти маҳалли ноҳияи Панҷ ба аҳолии зарардида 33660 кило орд, 2402 литр равғани рустанӣ, 2379 кило макарон, 3968 кило биринҷ, 555 кило намак, 1447 кило шакар, 14030 нон, 57 кило чойи хушк, 648 кило гӯшт, 17 865 кило картошка,1380 кило сабзӣ, 20606 кило пиёз, 17 адад қолин, 9 адад палас, 239 дона кампал, 6 адад матрас, 340 дона курпача, 246 адад болишт, 22 адад дастурхон, 54 адад чойники алюменӣ, 253 адад чойник, 782 дона косача, 70 адад қошуқ, 210 тақсимча, 90 бастаи зарфҳо, 305 адад либоси мардона, 359 либоси занона, 358 либоси бачагона, 12 ҷуфт пойафзоли мардона, 5 ҷуфт пойафзоли занона, 12 ҷуфи пойафзоли бачагона, 6 қуттӣ собун, 22 адад хокаи ҷомашӯӣ, 15 дона сачоқ, 108 адад сатил, 12 дона термос, 8 дег ва ғайра кумак карданд.
Ба зарадидагони ноҳияи Фархор бошад 25250 кило орд, 252,5 кило чойи хушк, 505 кило намак, 2525 литр ранғани рустанӣ, 2525 кило макарон, 2525 кило шакар, 2525 кило биринҷ, 310 қуттӣ хокаи ҷомашӯӣ ва 620 собун тақсим карда шуд.
Наҷотдиҳандагони КҲФ дар қитъаҳои хатарнок навбатдорӣ мекарданд, амалиётҳои наҷот анҷом медоданд.
Ҳамчунин бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ, Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ ба аҳоли кумакҳо дар шакли бастаҳои беҳдоштӣ, зарфҳои обгирӣ ва маҳсулоти хӯрока расонида шуд.
Ғайр аз ин Агентии Оқохон оид ба Хатибат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА барои гузаронидани корҳои барқароркунӣ маводи сӯзишворӣ ҷудо карданд.
25- уми май Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода аз ноҳияҳои зарардидаи вилояти Хатлон дидан ба амал овард, вазъ, зарарҳои расида ва ҳамоҳангсозии корҳои бартарафсозии оқибатҳои селро арзёбӣ намуд.
Раиси Кумита якҷо бо роҳбарони ноҳияҳо бо сокинони зарардидаи ду ноҳия мулоқот кард ва дар суҳбат зикр намуд, ки Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар ба ҳалли зудраси ҳамаи масъалаҳои офати табиӣ диқати махсус медиҳанд. Дар ин мулоқотҳо хоҳишу дархости сокинони маҳаллӣ шунида шуданд.
Корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ идома доранд ва ҷараёни он зери назорати КҲФ мебошад.