Заминларза як офати табиест, ки ногаҳон сар мезанад ва дар аксар маврид одамонро дар ғафлат мегузорад. Дар як чашм задан ин офат метавонад харобиҳои зиёд оварад. Вале қоидаҳое ҳастанд, ки риояи онҳо ё кор гирифтан аз онҳо метавонад сабабгори он шавад, ки хатари офат коҳиш ёбад. Ҳамин мавзӯъ дар як омӯзиш миёни кормандони соҳаи маорифи вилдояти Суғд ахиран тамрин шуд.
Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, якҷо бо Филиали Агентии Оғо Хон оид ба макони зист дар Раёсати маориф ва илми вилояти Суғд семинари амалӣ дар мавзӯи “Қоидаҳои рафтори аҳолӣ то ва баъди заминларза” гузарониданд. Дар семинар намояндагони системаи маорифи вилоят ширкат карданд.
Ба иштирокдорони семинар қодаҳои рафтор ва амал дар ҳолатҳои фавқулоддаи алоқаманд ба заминларзаро фаҳмониданд ва ҳамзамон барои онҳо як навори видеоӣ оид ба мавзӯъ низ намоиш доданд.
Ҳамчунин миёни хонандагон ва омӯзгорони муассисаи таҳсилоти умумии №15 шаҳри Хуҷанд дарси амалӣ дар мавзӯи “Амал дар ҳолатҳои фавқулоддаи алоқаманд ба сел ва обхезӣ” ва “Оббозӣ дар ҳавзҳои ҳимояшаванда кафолаи бехатарӣ ва саломатӣ” гузарониданд.
Дар поёни семинар ба ширкаткунандагон китобчаҳо ва дастурҳо оид ба қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда, ки аз ҷониби кормандони Кумита таҳия шудааст, тақсим карда шуд.