Дарсҳои омӯзишӣ ва тамринҳоеро, ки ахиран дар гӯшаву канори кишвар аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мешаванд, дар ҳамин як ҷумла метавон хулоса кард. Яъне, ИЛОҶИ ВОҚЕА ҚАБЛ АЗ ВУҚӮЪ!
Ҳарчанд ҳолатҳои фавқулодда ва офатҳои табиӣ аслан замону макони дақиқи сар задан надоранд, вале онҳо метавонанд дар ҳар гӯша ва дар ҳар вақту саот рух диҳанд. Танҳо омодагиҳои қаблӣ ва омӯзишҳо муҷиби он мешаванд, ки хатар коҳиш ёбад.
Наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси махсуси Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон омӯзиши тактикии коркарди амал дар ҳолатҳои фавқулодда дар давраи тобистон ва тирамоҳ, аз ҷумла дар ноҳияҳои хатарноки кӯҳиро баргузор кард.
Ҳадафи ин тамрин такмили малакаи воҳидҳои наҷот барои роҳандозии корҳои ҷустуҷӯиву наҷот дар маҳалҳои кӯҳӣ мебошад. Дар рафти омӯзиш силсилаи чорабиниҳои амалии бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар мавсими зимистон тамрин шуд.
Аз ҷумла, омодагии системаи хабаррасонӣ ва алоқа, қисмҳои навбатдорӣ, бунёди захираҳои моддӣ-техникӣ ва хӯроквориву тиббӣ санҷида шуданд.
Масъалаҳои вобаста ба интиқоли аҳолӣ аз маҳалҳои офатзада ба маконҳои амн ва таъмини онҳо бо маводҳои зарурати аввалия низ тамрин шуданд.
Ҳамчунин ширкаткунандагони ин дарсҳои омӯзишӣ сари вақт бастани роҳҳо дар қисматҳои хатарноки роҳҳои мошингард, наҷоти зарардидагон, ба онҳо расонидани ёрии тиббиву равонӣ ва интиқоли воситаҳои нақлиётро низ машқ карданд.