Сайри соҳили дарё, назораи мавҷи об, резиши борон, тамошои гулу сабза ва боз даҳҳо кори дигар хоси баҳору тобистон аст. Манзараҳои дилфиреби кишвар касро таҳрик медиҳанд, ки хотироташро дар аксу суратҳо барои пайвандонаш ва ёдгор барои оянда нигоҳ дорад. Ва духтари ҷавони душанбегӣ ҳам шояд хост баъди бозгашт аз сафари Рашт ба дугонаҳояш аз мавҷу хурӯшони Сурхоб ҳикоят кунад, вале талоши аккосӣ дар ин манзараи дар нигоҳи аввал дилфиреб ба фоҷеа анҷомид ва духтари 19-сола бо хешованди 15-солааш абадан олами моро тарк гуфтанд.
28-уми апрели соли равон, соати 17:10 ба қисми навбатдории Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар гурӯҳи ноҳияҳои Рашт хабар расид, ки сокини 19-солаи пойтахти кишвар, ки ба хонаи хешовандонаш ба меҳмонӣ омада буд, ҳангоми суратгирии селфӣ дар телефон ба оби дарёи Сурхоб сарозер шуд.
Ин духтар хостааст дар мавзеи шӯхоб, дар манзараи туғёни мавҷи хурӯшони рӯди Сурхоб расм гирад ва пояш лағжидаву мувозинаташро гум кардааст. Духтари 15-сола аз ҷумлаи хешовандони вай, ки мехост кӯмакаш кунад, низ ҳамроҳ бо вай ба дарё рафт.
Гурӯҳи фаврии наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди дарёфти ин хабар фавран ба ҷустуҷӯи ғарқшудагон рафтанд. Субҳи бармаҳали рӯзи 29-уми апрел ҷасади духтарони ҷавони ғарқшуда пайдо ва ба мақомоти милитсияи ноҳия супурда шуданд.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар бо эҳтиром хоҳиш мекунад, ки дар соҳили рӯдхонаҳо, ҳавзу каналҳо чораҳои амниятиро риоя кунанд, аз аксбардорӣ дар қитъаҳои хатарноки кӯҳӣ ва дарёҳои тезоб худдорӣ намоянд. Кумита ҳамчунин ба волидон муроҷиат мекунад, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд!