Корҳои соҳилбандӣ дар Хатлон

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии “Каритас Швейсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Федератсияи Байналмилалии  Ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар қаламрави ноҳияҳои Кушониён ва Шамсиддин Шоҳин корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва тозакунии самти ҷараёни об дар дарёҳо, каналҳо ва сойҳо гузарониданд.

Чорабинии пешгирикунанда муштарак бо намояндагони ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ ва истифода аз техникаи Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят бо ҷалби сокинон баргузор гардид. 

Ҳадафи роҳандозии ин гуна корҳо омодагӣ ба ҳар гуна офатҳои табии эҳтимолӣ аст. Мустаҳкамкардани соҳилҳои осебпазири дарёҳо, каналҳову сойҳо имкон медиҳад, ки хатари оянда аз болоравии сатҳи оби дарёҳо бар асари боришоти шадиди баҳорӣ пешгирӣ карда шавад.

Ҳамзамон, бо ин кормандони Раёсати КҲФ бо истифода аз фурсат миёни аҳолӣ оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодда корҳои фаҳмондадиҳӣ бурданд.

барчасп: