Идомаи тамринҳои омӯзишӣ дар ноҳияи Дарвоз

Бо роҳандозии як силсила омӯзишҳои фармондеҳиву ситодӣ дар ноҳияи Дарвоз  сатҳи омодагии мақомот ва аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулодда санҷида шуданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳоло ин гуна тамринҳои омодабоши неруҳо ва воситаҳоро дар сар то сари кишвар ба роҳ мондааст.

Ин тамринҳо бо мақсади ба даст овардани низом дар кори ҳайати роҳбарикунанда, мақомоти идорӣ, ташаккули мудофиаи гражданӣ, коргарон ва ташкилотҳои хизматӣ оид ба бартарафсозии омфатҳои табиӣ, барқарор намудани фаъолияти иншоотҳои зарардида, баланд бардоштани сатҳи донишҳо, малакаҳои шаҳрвандон ва омодагиву донишмандона амал намудан дар шароитҳои ғайриоддӣ, санҷиши эътимодияти системаи идорӣ, алоқа ва хабаррасонӣ дар ҳолатҳои фавқулодда аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ноҳияи Дарвози ВМКБ гузаронида шуданд. 

Дар рафти омӯзишҳо ҳамаи мақомоти зерсистемаи ҳудудии Системаи ягонаи адвлатии ноҳия, ҳамчунин роҳбарони ҷамоатҳое, ки хоҷагиҳои чорводориашон ба хатари эҳтимолии офатҳои табиӣ дучор мешаванд, ҷалб шудаанд. 

Мавзуъи омӯзишу тамрини мақомоти идорӣ дар назди вокуниш ба ҳолатҳои фавқулоддаи алоқаманд ба обхезӣ ва сел аст.

Ҳадафи ин омӯзишҳо такмили вокуниши фаврии мақомоти идорӣ, неруҳо ва воситаҳои системаи ҳолатҳои фавқулодда, дониш ва малакаҳои шахсони мансабдори мақомоти идории маҳаллӣ дар ташкили иҷрои чорабиниҳо оид ба таъмини ҳимояи аҳолӣ ва қаламрав аз ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногении алоқаманд ба омадани сел ва обхезӣ мебошад.  

 "Ғайр аз ин ҳамаи иншоотҳои ҳимоявии мудофиаи гражданӣ ба ҳоли омодабош дароварда шуданд. Дар мувофақа бо ҳокимияти иҷроияи маҳаллии ноҳия системаи хабаррасонии фаврии аҳолӣ дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда ва ё таҳдиди он санҷида шуд”,- мегӯяд роҳбари омӯзиш, полковник У. Файзуллозода.

Чорабиниҳо оид ба мудофиаи гражданӣ дар қаламрави кишвар бо мақсади пешгирӣ аз хатари офатҳои табаӣ пайваста гузаронида мешавад.

барчасп: