Харобиҳои як сели азим дар ноҳияи Рӯдакӣ

Сели азим дар дар баъзе манотиқи ноҳияи Рӯдакӣ сабаби хисорат ба хоҷагиҳо ва шахсони алоҳида шуд. Комиссияи ҳолатҳои фавқуллодда зарари расидаро пайгирӣ мекунад. Талафоти ҷонӣ нест, аммо аз харобиҳо ва болоравии сатҳи оби каналҳо хабар дода мешавад.

Тибқи маълумоти пешакӣ 25-уми апрели соли равон, соати 17:30 дақиқа борони селосо сабабгори омодани сели азим дар қаламрави ҷамоати Зайналободи ноҳияи Рӯдакӣ шуд ва он қисман канали Куктоши боло ва Куктоши поёнро ҳам масдуд кард.  

Дар натиҷа лойқа чанд қитъаи наздиҳавлигии сокинони ҷамоати Зайналободро пур кард, қисман ба иншоотҳои навсохт зарар расонд. 

Барои муайян кардани зарари расида ба хоҷагиҳо Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия дар ҷойи ҳодиса ба фаъолият оғоз кард.

Дар айни замон канали Куктоши боло ва Куктоши поён тоза карда шуда, барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ чораҳо андешида мешавад. 

 

барчасп: