Анҷоми тамринҳои омодабоши нерӯҳо ва воситаҳои мудофиаи гражданиӣ дар Исфара

Боз як тамрини омодабоши нерӯҳо ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Исфара анҷом гирифт, ки аз ҷониби Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд роҳандозӣ шуда буд.

Ин тамрин тибқи нақшаву чорабиниҳои асосӣ оид ба мудофиаи гражданӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2018 дар мавзуъи “Амали ҳайати роҳбарикунандаит нерӯҳо ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳия” нузашт.   

Ҳадафи аслии ин тамринҳо ҳамоҳангсозии амали нерӯҳо ва воситаҳои мақомоти ноҳия оид ба бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда мебошад.

Дар ҷараёни омӯзишҳо қувваҳо ва воситаҳои Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд, хадамоти коммуналӣ, хадамоти муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, тиббӣ, ҳамчунин аҳолие, ки дар қаламрави ноҳия будубош доранд, ҷалб карда шуданд. 

Дар рафти тамринҳо омодагии мақомоти идории мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда, Системаи ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, нерӯҳо ва воситаҳо ҳангоми омадани сел ва интиқоли аҳолӣ ба маконҳои амн мавриди санҷишу таҳқиқ қарор гирифтанд. 

Ғайр аз ин иншоотҳои ҳимоявии мудофиаи гражданӣ ба ҳолати омодабош дароварда шуданд. Бо мувофиқаи ҳокимияти иҷроияи ноҳия ҳамчунин системаи бохабарсозии фаврии аҳолӣ дар  ҳолатҳои фавқулодда ва ё таҳдиди он санҷида шуданд. 

Кормандони Раёсати КҲФ дар миёни аҳолӣ сӯҳбатҳо дар маввзӯъи “Амали сокинон ҳангоми ҳолатҳои фавқулоддаи алоқаманд ба омадани сел” гузарониданд.

барчасп: