Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар оғози ҳазорсолаи нав дар натиҷаи афзоиши аҳолӣ ва раванди дигаргуншавии иқтисодию иҷтимоӣ бо проблемаҳои зиёди глобалӣ рӯ ба рӯ омад, ки муҳимтарини онҳо мушкили дастрасӣ ба оби тоза ва санитария мебошад. Бартарафсозии онҳо талошу иқдомҳои якҷояи давлатҳоро тақозо менамояд. Созмони Милали Муттаҳид барои ҳалли ин мушкилот барномаҳои фарохдомани Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва Ҳадафҳои Рушди Устуворро қабул намуд. Маҳз торафт печидатар шудани мушкилоти умдаи умумибашарӣ – норасоии об ва истифодаи босамари захираҳои обиро ба назар гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои қабули Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» пайгирона талош варзиданд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ин иқдомро истиқбол ва дастгирӣ намуд.
Тоҷикистон дар ҷаҳон пешоҳанги ҳалли масъалаҳои марбут ба об шинохта шудааст. Амалисозии иқдомҳои Сарвари давлати тоҷикон, хусусан ташаббусҳо дар бораи эълон намудани Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005 – 2015) ва Соли ҳамкориҳо дар соҳаи об (2013), барои аҳли башар манфиати бузург бор оварданд. Аммо мушкилоти об бар асари омилҳои зиёд, аз ҷумла афзоиши аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ, кам шудани масоҳати ҷангалзор, партофти газҳои гулхонаӣ ва (хусусан) гармшавии иқлим сол ба сол шадидтар мешавад. Ҳаминро ба назар гирифта, Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ибтикори нави Президенти Тоҷикистонро дастгирӣ кард. Антониу Гутерреш, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид низ, дар иҷлосияи 72 – юми МУ СММ татбиқи ҳадафҳои даҳсолаи нави эълонгардидаро ба Ҳадафҳои Рушди Устувори марбут ба захираҳои об мувофиқ ва дар роҳи ҳалли мушкилоти мардуми ҷаҳон қадами ҷиддӣ арзёбӣ намуд. Ҳадафҳои асосии даҳсола ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти об, пайомадҳои манфии нарасидани оби тозаи нӯшокӣ, дарёфти роҳҳои ҳалли ин мушкилот, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳамкории кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонию минтақавӣ барои ҳалли ин проблемаи афзоянда мебошад. Амалисозии барнома давлатҳои минтақаро ҷиҳати ҳалли масоили марбут ба об гирди ҳам меоварад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вобаста ба ин масъала, таъкид доштанд, ки Тоҷикистон минбаъд низ ҳамкориҳои мутақобилаи судмандро бо ҳамаи кишварҳо идома хоҳад дод.
Ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли масоили вобаста ба об дар дохили мамлакат низ пайваста чорабиниҳо ба роҳ монда мешаванд. Давоми даҳ соли охир аз ҷониби давлат барои ҳалли проблемаи мазкур 1 миллиарду 700 миллион доллари ИМА ҷудо гардидааст. Дар ин муддат ҳолати таъминоти зиёда аз яку ним миллион нафар бо оби нӯшоӣ беҳтар гардонда шуд. Дар ин замина вазъи таъминоти оби полизӣ низ беҳбудӣ меёбад.
Мо, тоҷикистониён, бояд аз иқдомҳои башардӯстонаи Пешвои миллат ифтихор намоем ва дар баробари ин, ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои даҳсола, хусусан ҳифзу тоза нигоҳ доштани захираҳои беназири обии мамлакат, кӯшиш ба харҷ диҳем.
Фаромаз МАРДОНӢ,
коргузори шуъбаи таъминоти ҳуқуқи мониторинги қонунгузорӣ ва маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
БОЗЧОП аз рӯзномаи “Ҷумҳурият”