24 – уми апрели соли 2018 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҷонишини Раиси Кумита, полковник М.Салимзода бо ҳайати намояндагони Фармондеҳии марказии ИМА ва Агентии коҳиши хатари ҷанги Вазорати мудофиаи ИМА баргузор шуд. Ин ҳайат аз ҷониби сардори шуъбаи пешгирии силоҳи қатли ом ва амнияти сарҳадии Фармондеҳии марказии ИМА ҷаноби Давид Маунт сарварӣ мешуд.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаи идораҳои ду кишвар дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо аз вазъи ҳамкориҳои судманд миёни Тоҷикистон ва ИМА дар ин самт изҳори қаноатмандӣ карданд ва дар бораи идомаву таҳкими ҳамкориҳои минбаъда таъкид намуданд.
Дар поёни мулоқот ду ҷониб ба ин бовар шуданд, ки идомаву таҳкими ҳамкориҳо ба судӣ ду кишвар аст.