Тавсия ба довталабони таҳсил дар Русия

Ахиран Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати интихоби довталабон барои дохил шудан ба Академияи ҳифзи граждании Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия дар солҳои таҳсили 2017-2018 озмун эълон кард. Дар озмун танҳо ҷавонмардони аз 17 то 24-сола метавонанд ширкат кунанд.

Дар эълон аз ҷумла омадааст, ки таҳсил самти “Амнияти техникӣ” (омодагии “Ҳимоят дар ҳолатҳои фавқулодда”)-ро дар бар хоҳад гирифт.  Интихоби довталабон дар асоси озмун ва натиҷаи имтиҳон аз таърихи Русия (шифоҳӣ) ва забони русӣ (хаттӣ) гузаронида мешавад.

Як шарти озму супоридани имтиҳонҳои хаттиву шифоҳӣ аз таърихи Русия ва забони русист. Мехоҳем довталабонро дар супоридани ин имтиҳонот раҳнамоӣ кунем ва китоберо тавсия диҳем, ки дар сурати мутолиаи он метавонанд басо осону сода имтиҳон супоранд ва баранда шаванд. Ин китоби доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода «История России: учебное пособие для таджикских трудовых мигрантов» мебошад.

Китоби пажуҳишгари тоҷик, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода  «История России: учебное пособие для таджикских трудовых мигрантов» аслан дастури омӯзишӣ барои муҳоҷирони корист. Аз замоне, ки ҳукумати Русия эълон кард, ки муҳоҷирони корӣ дар ин кишвар бояд аз фанни таърихи Русия имтиҳон супоранд, ин китобро панҷ маротиба нашр шуд ва як дастури мухтасарест, ки аз он метавон тасаввуроти ибтидоӣ дар бораи гузаштаи ин мулк ҳосил кард.  Нашри панҷуми он соле қабл  дар нашриёти Контраст”-и пойтахти кишвар ба нашр расид.

 Ин китобест, ки  як муҳоҷири корӣ дар Русия барои ошноӣ бо таъриху тамаддуни ин кишвар мехонад ва огоҳ мешавад, ки кистанд русҳо ва чӣ тамаддуну чӣ таърих доранд. Воқеъан, ҳатто бигзарем аз он ки ҳоло Русия барои қабули муҳоҷир аз ӯ имтиҳон мегирад, донистани таърих хуб ҳасту бад нест.Умуман маърифату дониш дар ҳеч замоне барои инсон бори зиёдатӣ набудааст.
Мураттиби  китоб талош кардааст сарчашмаҳои илмии зиёдеро варақ занад, китобҳои таърих ва навиштаҳои муаррихони ҳар давру замонро омӯзад ва аз миён барои як тоҷики муҳоҷир мағзе аз он андӯхтаҳоро оварад.

Заҳмати чандмоҳаву шояд чандсолаи як пажуҳишгарро як тоҷики дур аз Ватан ба осонӣ ва зуд мехонад, медонад ва худро барои ҳар имтиҳон омода месозад. Ва на танҳо барои имтиҳон, балки барои ифтихор аз он ки вай донандаи таърихи кишварест, ки дар он зиндагӣ мекунад.

Аммо чун китоби омӯзишист онрор ба довталабони таҳсил дар Русия тавсия мекунем. Шакли комили нашри Панҷуми китобро ин ҷо метавонанд бихонанд.
ИСТОРИЯ РОССИИ

 

барчасп: