20 – уми апрели соли равон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати шахсӣ бо ҷонишини Раиси Кумитаи занон ва кор боилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлат баргузор шуд.
Мулоқотро ҷонишини Раиси Кумита полковник Ҷамшед Маҳмадзода ифтитоҳ кард ва дар сухани муқаддамотии худ гуфт, ки “Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи густариши ширкати занон дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти Кумита таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад”.
Зулфия Давлатзода дар суханронии худ таваҷҷӯҳи ширкаткунандагонро ба нақши занон дар ҷомеа, риояи қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, эълон шудани соли 2018 чун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ҷалб намуд.
Вай ҳамчунин ҳозиринро ба ҷараёни татбиқи “Стратегияи миллии фаъол намудани ҳуқуқ ва имкниятҳои занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2015-2020” ва
“Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд Барои солҳои 2007 - 2016 “ шинос намуд.
Дар ҷараёни мулоқот дар масъалаҳои ҳолати иҷтимоӣ ва беҳбуд намудани шароити кор ва зиндагии занон ва духтарон, ширкати бонувон дар сиёсат мубодилаи афкор сурат гирифт.