Тамринҳои «Вокуниши нерӯҳо ва воситаҳо ба ҳолатҳои фавқулоддаи алоқаманд ба вуруди оммавии паноҳандагон» ба поён расид

Нахустин тамринҳо ҷиҳати омӯзиши сатҳи омодагии ниҳодҳои масъул дар мудофиаи гражданӣ ва идораи ҳолатҳои фавқулодда ба анҷом расиданд. Сатҳи омодагиҳо омӯхтаву арзёбӣ шуданд, камбудиҳо ошкор гардиданд ва барои бартараф намудани онҳо чораҳо низ андешида мешаванд. Ширкаткунандагон вобаста ба сатҳи фаъолияти худ бо медалҳо ва ифтихорномаҳо қадр гардиданд. Нишасти “Сирена” натиҷаи тамринҳои дурӯзаро таҳлилу баррасӣ кард.

Аз 11 то 12 – уми апрели соли равон Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии системаи СММ дар Тоҷикистон, Хазинаи Оқохон оид ба Хабитат, якҷо бо ВКД, КДАМ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолӣ омӯзишҳои саҳроӣ дар мавзуъи «Вокуниш ба ҳолатҳои фавқулоддаи алоқаманд ба вуруди оммавии паноҳандагон» баргузор намуд, ки ҳадафи он санҷиши сатҳи омодагиҳои сохторҳои давлатӣ ва шарикон оид ба расонидани кӯмакҳои башарӣ ба идораи ҳолатҳои фавқулодда мутобиқ ба ёриҳои Байналмилалии башардӯстона буд. 

Ин тамринҳо бо ширкати вазорату идораҳое, ки масъулияти мудофиаи гражданӣ ва идораи ҳолатҳои фавқулодда доранд, бори аввал дар Тоҷикистон мегузаранд ва дар он ҳамчунин созмонҳое байналмилале чун Раёсати СММ дар умури паноҳандагон,  Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи СММ, Раёсати ҳамоҳангсозии кумакҳои башарии СММ, ЮНИСЕФ, Барномаи рушди СММ, Салиби Сурхи Байналмилалӣ, Кумитаи миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон иштирок намуданд. 

Ин омӯзишҳо имкон доданд, ки сатҳи омодагиҳои ҳамаи сохторҳои дахлдор санҷида шаванд ва ҳамзамон камбудиҳо дар масоили ҳамоҳангсозӣ, коммуникатсия ва идораи ҳолатҳои фавқулода ошкор карда шаванд. 

Омӯзишҳо 11-уми апрел дар шаҳри Душанбе бо таъсиси ситод бо иштироки ҳамаи сарварони вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагони агентиҳои байналмилалӣ барои ҳамоҳангсозии Нақшаи амал шурӯъ шуд. Худи ҳамон рӯз дар вилояти Хатлон якҷо бо Нақшаи амал, ки тамрини саҳроӣ дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхиро дар бар мегирифт, санҷида шуд. 

Ҳамоҳангсози кишварии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта бо ибрози ташаккур ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва Раёсати СММ дар умури паноҳандагон қайд намуд: «СММ дар Тоҷикистон бунёди зарфиятҳо барои муқовимат ва пешгирии ҳар гуна бӯҳрон ва омодагӣ ба вокуниш ба ҳаҳолати фавқулоддаи табиӣ ва ғайритабиӣ, ки метавонанд хатаре ба рушди босубот ва дастёбӣ ба рушди устувор дошта бошанд,  пуштибонӣ мекунад.  Дар ин замина омӯзишҳои байниидоравӣ оид ба таъмини омодагиҳо ба ҳолатҳои фавқулоддаи алоқаманд ба вуруди анбӯҳи паноҳандагон як чорабинии басо муҳим ҳисобида мешавад”.

 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода зимни суханронӣ дар маросими анҷоми омӯзишҳо гуфт: “Танҳо бо талошҳои муштарак мо қодирем ба вазифаи асосии худ – расонидани кумакҳои фавриву хуб созмонёфта даст ёбем. Зеро чизе арзишмандтар аз ҳаёти инсон нест”.

Дар поёни омӯзиш ҷонишини Раиси КҲФ, генерал-майор Рустам Шоҳиён ба ширкаткунандагони он медалҳо ва ифтихорномаҳо тақдим намуд. 

12-уми апрели соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи «Сирена» омӯзишҳо ҷамъбаст гардиданд, ки дар он Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Рустам Назарзода ширкат намуд. Ба фаъолияти ниҳодҳо баҳо дода шуда, ба онҳо шаҳодатномаҳо супурда шуданд.

барчасп: