Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти роҳбарии сардори Раёсат семоҳаи фаъолияти худ дар соли 2018-ро ҷамъбаст намуд.
Сардори раёсати Кумита дар вилояти Суғд Б.Додиён баъди ифтитоҳи ҷаласаи ҷамъбастӣ ба тамоилҳои калидии фаъолияти раёсат дар семоҳаи аввали сол ишора намуда, таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба рӯйдодҳои сол ҷалб кард.
Дар ҷаласа ҳисоботи муовини Сардори Раёсат, сардори шӯъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд шунида шуданд.
Дар поёни ҷаласа вазифаҳои асосии Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд дар семоҳаи дуюми соли 2018 муайян крада шуданд:
-ташкил ва баргузории чорабиниҳои пешгирикунанда бо мақсади коҳиши хатари офатҳои табиӣ, роҳ надодан ба ҳалокат ва захмӣ шудани одамон;
-татбиқи назорат ба иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ;
-баланд бардоштани сифати омодагии касбии кормандони Раёсат;
- омодагӣ ба мавсими оббозӣ, роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ ва мулоқотҳо бо аҳолӣ.