Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати густардаи беш аз 10 муассисаи давлатӣ, аз ҷумла Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати нақлиёт, Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Раёсати СММ дар умури паноҳандагон, Барномаи озуқавории умумиҷаҳонӣ, Салиби Сурхи Байналмилалӣ омодагӣ ва вокунишҳо ба ҳолатҳои фавқулоддаи алоқаманд бо убури оммавии паноҳандагонро тамрин кард. Дар ин дарси омӯзишӣ ҳудудан 10 ҳазор паноҳангони шартӣ ҷалб шуданд.
Бо мақсади татбиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ дар соли 2018, ҳамчунин барои беҳбудии ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозиҳо миёни вазоратҳо ва идораҳо-аъзои Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 – ум то 11-уми апрели соли 2018 машқи саҳроӣ дар мавзӯи “Омодагӣ ва вокунишҳо ба ҳолатҳои фавқулоддаи алоқаманд бо убури оммавии паноҳандагон” баргузор намуд.
Тибқи сенарияи омӯзиш, ки дар се зина баргузор шуд, масъалаҳои омодагии мақомоти идории мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулоддаи вазорату идораҳои Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳолате тамрин шуд, ки дар марзи Тоҷикистон гурӯҳи азими паноҳандагон ҷамъ омада буданд.
Барои ҳамоҳангӣ ва тарҳрезии умумии фаъолиятҳо 10-уми апрели соли 2018 дар шаҳри Душанбе Нуқтаи фармондеҳии ҷумҳуриявӣ ба кор оғоз кард, ки дар он роҳбарони вазорату идораҳо гирди ҳам омаданд.
11- уми апрел дар Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар ҷаласаи баррасии нақшаи муштараки қабулшуда ва иҷрои вазифаҳои гузошташуда баргузор шуд. Худи ҳамин рӯз дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхии вилояти Хатлон тамрини амалӣ, саҳроӣ- намоишӣ тибқи сенарияи навишташуда доир гардид.
Дар замони роҳандозии омӯзиш дараҷаи омодагии хадамоти ҷалбшуда санҷида шуданд, ҳамчунин тайёрии нерӯҳо ва воситаҳои мақомоти идорӣ ҳангоми бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда арзёбӣ шуд. Теъдоди паноҳандагон дар ин тамринҳо наздик ба 10 ҳазор нафар буданд.
Беш аз 10 муассисаи давлатӣ, аз ҷумла Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати нақлиёт, Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Раёсати Комиссариати СММ оид ба гурезагон, Барномаи озуқавории умумиҷаҳонӣ, Агентии Оғо Хон Хабитат, Салиби Сурхи Байналмилалӣ дар ин тамринҳо иштирок намуданд.