Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки олмонии рушд масоили иртиботҳои дуҷониба ва ҳамкориҳо дар самти коҳиши хатари офатҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъда миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Бонки олмонии Рушд дар кишвари мо дар ҷараёни мулоқоти Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо таҳлилгари бонк, роҳбари лоиҳаи ҷамъияти ҳамкорҳои байналмилалии Олмон (GIZ) «Мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим бо ёрии идораи устувори захираҳои ҷангал ба ҳавзаи дарёҳои Тоҷикистон” ҷаноби Франк Мёршел мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои татбиқи лоиҳаи нав оид ба рушди деҳот аз роҳҳои беҳтар кардани истифодаи замин ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ҳамчунин таҳкими ҳамкориҳои мавҷуда дар самти пешгирӣ ва бартарафсозӣ дар қаламрави Тоҷикистон барарсӣ шуданд.
Дар поёни вохӯрӣ ҷонибҳо ба идомаи ҳамкориҳои муштарак дар самтҳои ёдшуда изҳори омодагӣ карданд.