10 – уми апрели соли 2018дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти шиносоии Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо ҳайати намояндагии Бонки Осиёии Рушд бо сарварии роҳбари шӯъбаи лоиҳаҳои маъмурии намояндагии доимии БОР дар Тоҷикистон ҷаноби Раза М.Фаррух баргузор шуд.
Ҳадафи вохӯрӣ баррасии масъалаҳои татбиқи лоиҳаи БОР “Идораи хатари офатҳо” буд.
Дар ҷараёни мулоқот Раиси КҲФ муҳим будани таҳкими инфрасохторҳои асосӣ барои таъмини устуворӣ ба хатарҳои табииро зикр намуд. Ҳамчунин механизмҳои татбиқ, сохтор ва ҷузъиёти лоиҳа оид ба идораи хатари офатҳо барарсӣ гардид.
Қайд шуд, ки лоиҳаи мазкур қабл аз ҳар чизи дигар ба таҳкими зарфиятҳои Кумита ва дигар идораҳои дахлдор дар масоили вокуниш ба офатҳои табиӣ равона шудааст.
Дар навбати худ ҷаноби Фаррух ба Раиси Кумита барои истиқболи гарм аз мулоқот изҳори миннатдорӣ намуд ва нақши Кумитаро дар ҳалли масъалаҳо дар самти мониторинги саривақтии хатарҳо, арзёбӣ ва зарари онҳо, сари вақт гузаронидани чорабиниҳо, ҳамчунин огоҳонидани мардум аз хатарҳо ва роҳҳои пешгирӣ аз онҳо ситоиш кард.
Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба зарурати фаъолтар кардани ҳамкориҳо миёни КҲФ ва БОР дар татбиқи лоиҳа бо мақсади ба даст овардани натиҷаҳои мусбат барои наҷоти ҳаёти инсонҳо таъкид карданд.