Ҳайате аз комиссияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо сарварии муовини аввали Раиси Кумита, генерал-майор Рустам Шоҳиён ба Балҷувон сафар карда буд, натиҷаи диду боздид ва таҳқиқоташро хулоса кард. Аксари хонаҳои харобшуда солҳои 80-и асри гузашта бидуни риояи қоидаҳои зиддизаминларза сохта шуда буданд ва то имрӯз онҳо аслан таъмир ҳам нашуда буданд. Як сабаби харобӣ кӯҳнагиву осебпазир будани ин биноҳо буд. Заминларза бо қувваи 3-4 балл наметавонад хонаҳоро валангор кунад.
Ҳамчуноне пештар хабар дода будем, 30-уми марти соли 2018 дар қаламрави кишвар заминларзаҳо ба қайд гирифта шуда буданд. Дар маълумоте, ки қаблан ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расида буд, гуфта мешуд: “бар асари чанд маротиба такон хӯрдани замин дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон 62 хона зарар дид. Аз ин 62 хона 7 хона дигар барои зисту зиндагӣ қобили истифода нест ва ҳатто зистан дар онҳо хатар дорад”.
Аммо баъзе расонаҳои хабарӣ ҳангоми пахши хабар рақамҳоро таҳриф кардаанд ва ба ҷойи 62 теъдоди хонаҳои вайроншуда ва зарардидаро беш аз 80 навиштанд.
Бо мақсади дақиқ муайян кардани вазъ ва ташхиси хонаҳои зарардида, аз ҷониби Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гурӯҳи корӣ созмон дода шуд, ки онро муовини аввали Раиси Кумита, генерал-майор Рустам Шоҳиён сарварӣ мекард. Ин гурӯҳи корӣ фавран ба маҳалли офат сафарбар шуд. Ба ҳайати ин гурӯҳ ҳамчунин муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Мирзозода ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон шомил буданд.
Гурӯҳи корӣ бо хонаҳои сокинони деҳаҳои Пештова, Сафедоб, Гулзамин,Сиёҳтут, Султонвайсӣ, Шингдара, Муллохконӣ, Шипдара, Аспирингон, Уланг ва Ниҳолаки ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон шинос шуданд.
Таҳқиқи ҳамаҷониба нишон дод, ки ҳамаи хонаҳои мавриди тафтиш қароргирифта аз сабаби кӯҳнаву фарсуда будан ва аз гил сохта шуданашон осеб дидаанд. Ин хонаҳои истиқоматӣ бе гузаронидани чораҳои зиддизаминларза сохта шуда буданд, бидуни пойдевори мустаҳкам. Ҳамчунин таҳқиқ нишон дод, ки баъзе тарқишҳо дар ин хонаҳо бар асари боришот пештар аз заминларза ба вуҷуд омадаанд. Ин хонаҳо охирҳои солҳои 80-и асри гузашта бунёд шуда буданд.
«Ҳангоми заминларзае, ки қувваи он 3-4 баллро ташкил медиҳад ва дар Балҷувон қувваи он ҳамин 3-4 баллро ташкил медод, хонаҳо вайрон намешаванд”,- гуфта мешавад дар маълумотномаи гурӯҳи корӣ.
Тибқи арзёбии шиддати заминларза бо ҷадвали МSК-64 заминларзаи чорбалла чун заминҷунбии ҳисшаванда, панҷбалла заминларзаи мутавассит дониста мешавад, ки дар онҳо эҳтимол дорад мебели хонаҳо ҷунбанд, деворҳо тарқиш пайдо кунанд, вале на аз ин зиёд.