Кашф ва интиқоли моддаҳои заҳрогин дар як корхонаи шаҳри Душанбе

Ҳафт контейнер маводи сахттаъсири заҳрогин, ки ахиран дар як корхонаи шаҳри Душанбе ошкор шуд, бо ёрии мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корхонаи тавлидкунандаи он интиқол дода шуд.

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми тафтиши нақшавӣ дар яке аз корхонаҳои шаҳри Душанбе ҳафт контейнер моддаҳои сахттаъсири заҳрогинро ошкор карданд. 

Контейнеҳо мутааллиқ ба як корхонаи барҳамдодашуда буд ва роҳбарияти коргоҳи нав дар бораи мавҷудияти ин контейнерҳои заҳрогин дар анбори қаламраваш хабар надошт. 

Тафтиши мутахассисони КҲФ нишон дод, ки контейнерҳо дорои хлор ва хладони моеъ мебошанд. Ва онҳо дар ҳоли садамавӣ қарор доштанд, метавонистанд хатарнок бошад. Ба қароре омаданд, ки бо қувва ва воситаҳои Кумита онҳоро аз ин макон ба корхонаи тавлидкунандаи он интиқол диҳанд. 

Баъди ба расмият даровардани асноди зарурӣ ба хотири интиқоли моддаҳои заҳрогини хатарнок ҳамаи ин ҳафт контейнер ба корхонаи тавлидкунандаи он ҶС “Тоҷикхимпром” интиқол дода шуд. 

Зикр бомаврид аст моддаҳои заҳрогин дар ҳоли хуб ва тибқи қоида нигаҳдорӣ шуданашон барои муҳити атроф хатар надоранд.

барчасп: