Сарварони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноати мудофиа ва аэрокайҳонии Қазоқистон ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба таъкид карданд.
4 – уми апрели соли равон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита, генерал-лепйтенант Рустам Назарзода бо намояндагони Қазоқистон бо сарварии Вазири саноати мудофиа ва аэрокайҳонии ин кишвар Бейбут Атамқулов баргузор шуд.
Дар оғози мулоқот сарвари идораи наҷоти кишвар зикр намуд, ки Қазоқистон шарики боэътимоди Тоҷикистон дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда аст.
Дар навбати худ Бейбут Атамқулов дар бораи самтҳои гуногун ва зарфиятҳои Вазорат дар амнияти аэрокайҳонӣ, мудофиа ва саноати электронӣ маълумот дод.
Дар ҷараёни мулоқот ба ҳамкориҳо бо ширкатҳои қазоқӣ оид ба истеҳсол ва таъмири чархболҳо, техникаи наҷот ва ғаввосӣ мароқ зоҳир шуд.
Ҷонибҳо ба инкишофи ҳамкориҳо дар самтҳое чун истифода имкониятҳои алоқаҳои кайҳонӣ ва маҳвораӣ, садоӣ, пешбинии равандҳои табиии нисбатан хатарнок, системаи огоҳсозии барвақтӣ ва вокунишҳо ҳангоми таҳдид ва рӯй додани ҳолатҳои фавқулодда таъкид карданд.
Бо истифода аз фурсат Бейбут Атамқулов Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаро ба панҷумин намоиши байналмилалии мусаллаҳшавӣ ва амволи ҳарбӣ-техникии “КАДЭКС”, ки қарор аст аз 23 то 25-уми майи соли 2018 дар Остона баргузор шавад, даъват намуд.
Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳои минбаъда миёни ду ниҳод изҳори умед карданд.
Дар вохӯрӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Сейтимов ширкат дошт.