Рӯзҳои 27-28-уми марти соли равон Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода дар иҷлоссияи 23-уми Ассамблеяи Байналмилалии созмони мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Доха-пойтахти давлати Қатар ширкат ва суханронӣ кард.
Зимни суханронии худ Раиси КҲФ ба масоиле аз қабили чораҳои пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи роҳандозии ин корҳо зарфи панҷ соли охир, ҳамчунин густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ рӯшанӣ андохт.
Дар доираи кори иҷлоссия Сарвари Кумита бо нахуствазир ва вазири корҳои джохилии давлати Қатар – шайх Абдуллоҳ бинни Носир бинни Халиф Ал Танӣ ва Котиби генералии Кумита оид ба танзими кумакҳои башардӯстонаи Қатар Иброҳим Абдуллоҳ ал- Дуҳеймӣ мулоқот кард.
Дар ин дидор масъалаҳои сохтмони анборҳои муосир барои нигаҳдории захираҳо ба хотири ҳолатҳои фавқулоддаи эҳтимолӣ, омодасозии кормандони хадамоти психологии КҲФ, дастгирии Барномаи рушди Кумита дар солҳои 2018-2022 ва “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хатари офатҳо дар солҳои 2018-2030” мавриди суҳбат қарор гирифтанд.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҳамчунин бо Котиби генералии Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ Владимир Кувшинов мулоқот кард. Дар ин вохӯрӣ дар мавриди ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол кардани сару либоси махсус, таҷҳизоти вижа барои наҷотдиҳандагони воҳидҳои наҷоти Кумита, ҳамчунин омодасозӣ ва бозомӯзии наҷотдиҳандагон тавофуқ ҳосил шуд.
Дар чорабинӣ ҳайати намояндагон аз 47 кишвари узви Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ ва намояндагони 19 созмони ҷаҳонӣ дар Қатар иштирок намуданд.
Дар иҷлоссия ҷамъбасти фаъолияти Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ дар солҳои 2016-2017 баррасӣ шуд, барномаи кории он дар солҳои 2019-2020 тасдиқ гардид, масъалаҳои молиявию ташкилӣ муҳокима шуданд, аъзои нави Кумитаи иҷроияи созмон интихоб гардиданд.