Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати шахсӣ бахшида ба татбиқи ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълони даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028, ки Ассамблеяи Генералии СММ қабул карда буд, баргузор шуд.
Дар ин чорабинӣ намояндагони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – корманди калони илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АФ, номзади илмҳои таърих Ҷаъфар Ниёзов ва сармутахассиси институт, номзади илмҳои физика ва математика Ҷамшед Абдушукуров ширкат карданд.
Дар суханронии худ олимон қайд намуанд, ки ҳадафи аслии даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор” таъмини механизм ва платформаи иловагӣ барои мусоидат ба ҳадафҳои рушди устувор дар самти об ва дигар мақсадҳои алоқаманд бо об, ки дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқа шудааст, мебошад.
Ғайр аз ин, қайд шуд, ки тибқи низомномаи Қарори кишварҳои узви СММ, созмонҳои байнидавлатӣ ва ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор бояд ба рушди устувори захираҳои об таваҷҷӯҳи хоса кунанд, бо ёрии идораи муштараки захираҳои махзанҳои об талошҳоро барои таҳкими ҳамкориҳо ва ширкат дар ҳамаи сатҳҳо, ҷалб ва татбиқи барнома ва тарҳҳо дар самти об қувват бахшанд.
Баромадкунандагон зикр намуданд, ки эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” бори аввал аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни Форуми ҳафтуми ҷаҳонии об дар моҳи апрели соли гузашта дар Ҷумҳурии Куриё дар миён гузошта шуда буд.
Дар охири мулоқот роҳбарияти Кумита ба меҳмонон барои суҳбати муфассал изҳори миннатдорӣ намуда ва хостори ҳамкориҳои минбаъда шуданд.