Субҳи имрӯз, 1 сентябри соли 2024 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои зертобеъи он тамошо ва шунидани дастаҷамъии суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш баргузор шуд.
Ин суханронӣ ба сурати онлайн ва мустақим аз бинои нави муассисаи таҳсилоти умумии №19 ноҳияи Синои пойтахти кишвар пахш шуд ва дар он сарварони вазорату идораҳои мамлкат, омӯзгорон, масъулини соҳаи маориф ва илм, собиқадорони маориф, хонандагон ва дигарон иштирок доштанд.
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи омўзгорон, донишҷўён ва дар маҷмўъ намояндагони соҳаи маорифи кишварро бо оғози соли нави таҳсил ва Рўзи дониш, инчунин ба муносибати ифтитоҳи бинои нави муассисаи таълимии миёнаи раками 19 самимона табрик гуфтанд. Пешвои миллат аз ҷумла иброз доштанд, ки “Дар даврони истиқлоли давлатӣ дар оғози соли таҳсил таҷлил намудани Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти низоми маорифи кишвар ба яке аз анъанаҳои неки умумимиллӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Якуми сентябри ҳар сол садҳо ҳазор кӯдакони хушбахти замони истиқлол аввалин маротиба ба остонаи муассисаҳои таълимӣ қадам мегузоранд ва ба омӯзиши саводу дониш, одобу ахлоқ ва илму маърифат оғоз менамоянд.
Дар ин лаҳзаҳои хотирмону фараҳбахш тамоми хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон ва аҳли илму маорифи мамлакат, бахусус, 250 ҳазор кӯдаконеро, ки имрӯз дар фазои истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва бо умеду орзуҳои зиёд ба муассисаҳои таълимӣ қадами нахустин гузоштанд, самимона табрик мегӯям.
Мулоқоти имрӯзаи мо ба ифтихори соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш дар бинои навбунёди муассисаи таҳсилоти умумии рақами 19-и шаҳри Душанбе, ки яке аз калонтарин муассисаҳои таълимӣ дар пойтахти мамлакат ба шумор рафта, дар он беҳтарин шароити илму донишомӯзӣ муҳайё карда шудааст, баргузор мегардад. Мактаби мазкур аз чор ошёна ва 75 синфхона иборат буда, 3500 нафар хонандаро ба таҳсил фаро мегирад.
Омӯзгорону хонандагони ин муассисаи зебои замонавӣ ва падару модарони арҷмандро ба муносибати ифтитоҳи он табрик гуфта, ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, соҳибкори ватанӣ, меъморону муҳандисон ва сохтмончиён, ки ин боргоҳи илму маърифатро бо сифати баланд бунёд кардаанд, барои ташаббуси ватандӯстона ва заҳмати софдилонаашон изҳори миннатдорӣ менамоям”.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ маблағгузории соҳаи маориф сол ба сол зиёд карда шуда, вазъи соҳа ва кормандони муассисаҳои таълимӣ мунтазам беҳтар гардида истодааст.
Дар ин давра, илова ба хароҷот аз буҷети давлат дар соҳаи маориф 30 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 3,5 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло боз 11 лоиҳаи дигар дар ҳаҷми 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.
Агар соли 2000-ум ба соҳаи маориф ҳамагӣ 42 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2005 ба 253 миллион, соли 2010 ба зиёда аз 1 миллиард, соли 2015 ба 2,5 миллиард, соли 2020 ба 5,5 миллиард ва дар соли 2024 ба 8 миллиарду 231 миллион сомонӣ расонида шуд, ки 5,7 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва 18,9 фоизи хароҷоти умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳаи маориф 21 маротиба баланд бардошта шуд.
Дар ҷойи дигар аз суханронии худ муҳтарам Пешвои миллат фармуданд: Мо бояд фарзандонамонро, чи писару чи духтар, хононем, илму дониш, касбу ҳунар ва одобу ахлоқ омӯзонем, забон омӯзонем, аз истифодаи техникаву технологияҳои муосир бархурдор созем, ба зиндагии мустақилона ҳаматарафа омода намоем, онҳоро ҳамчун шахсиятҳои худшиносу худогоҳ, масъулиятшинос ва ватанпарвару заҳматдӯст ба камол расонем.
Падару модарони азиз дар ёд дошта бошанд, ки баробари ба шавҳар додани духтар ва оиладор кардани писар масъулияти онҳо дар назди фарзанд ба охир намерасад.
Мову шумо то рӯзе, ки дар қайди ҳаёт ҳастем, шарики тақдири фарзандонамон мебошем.
Пас, биёед, ба фарзандон, пеш аз ҳама, ба духтаронамон илму дониш ва касбу ҳунар омӯзонем, то онҳо дар зиндагии ояндаи худ – дар замонаи пешрафти илм, техникаву технологияҳои муосир ва асри зеҳни сунъӣ азият накашанд ва бори дӯши падару модар нашаванд.
Шунидани суханронии Пешвои муаззами миллат ба кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҷаҳон таассурот бахшид.