27 феврали соли 2024 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита генерал-полковники милисия Рустам Назарзода бо ҳайати намояндагони ТОО "Еврокоптер Казахстан инжиниринг" – и Ҷумҳурии Қазоқистон бо сарварии тиректори тиҷоратии он ҷаноби А.А. Аринов баргузор шуд.
Дар оғози мулоқот Сарвари КФ зикр намуд, ки Ҷумҳурии Қазоқистон як шарики боэътимод барои Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳо, бахусус дар рушди муваффақонаи ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии паёмадҳои ҳолатҳои фавқулода мебошад.
Ҷаноби Аскар Аринов фаъолиятҳои корхонаи ТОО "Еврокоптер Казахстан инжиниринг"-ро рӯнамоӣ кард. Вай аз ҷумла гуфт, ки ин корхона дар фурӯши чархболҳо, ҳамчунин омӯзиши кормандони техникӣ дар қаламрави ИДМ ва Осиёи Марказӣ дасти боло дорад.
Ҷонибҳо ба ҳамкориҳои ояндаи дуҷониба таъкид карданд.