27 феврали соли 2024 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода Сафири навтаъини Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Йорк Шуграфро ба ҳузур пазируфт.
Дармулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ, инчунин имкони оғози лоиҳаҳои муштарак, омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисонро баррасӣ намуданд.
Чаноби Шуграф дар навбати худ барои кабули самимона миннатдорй баён карда, гуфт, ки дар давоми фаъолияти дипломатиаш дар мамлакати мо барои боз хам инкишоф додани муносибатҳо ва ҳамкориҳои байни сохторхои давлатии Ҷумҳурии Федеративии Олмон бо Кумита талош хоҳад кард.
Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон дар заминаи коҳиши хатари офатҳои табиӣ изҳори умедворӣ карданд.