Бино ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврали соли 2024 соати 09:28 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар замин ларзид.
Маркази ин заминларза 200 километр дар қисмати ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди Афғонистон буд.
Қувваи заминларза дар маркази он 3 балл ва дар шаҳри Душанбе 2 баллро ташкил дод.
Талафоти ҷони ва хисороти дигар нест.