Ҳамлаи паланги барфӣ ба чорвои хонагии як сокини Роштқалъа

Бино ба маълумоти қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 22 феврали соли равон соати 05:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ паланги барфӣ вориди ҳавлии сокини деҳаи Табарсеми ҷамоати Сежди ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ шуда, 18 сар чорвои хурди онро дар оғилхона ба ҳалокат расондааст.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба таваҷҷуҳи сокинони кишвар, бахусус он манотиқе, ки паланги барфӣ борҳо чорвои хонагии сокинонро мавриди ҳамла қарор додааст, чанд ҷоидаи бехатарии эмини аз ин ҷонвари ваҳширо такроран пешниҳод мекунад. 

ПАЛАНГИ БАРФӢ (номи илмиаш Panthera uncia) як гуна аз ҷумлаи ҳайвонҳои гурбамонанд аст, ки дар кӯҳҳои Осиёи Марказӣ ва ҷануби Осиё зиндагонӣ мекунад. Дар кулли кишварҳое, ки ин паланг ҳаёт ба сар мебаранд, чун ҳайвони дар ҳоли нобудиву инқироз ба Китоби Сурх шомил карда шудааст, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ.

Донишмандон тахмин мезананд, ки шояд ҳамагӣ 10 ҳазор паланги барфии болиғ дар саросари олам боқӣ монда бошад. Аксари ин гунаи ҳайвон ба сабабҳои шикор ва нобудии маҳалли зисташон ва танг шудани майдони будубошашон ба нобудӣ расидаанд.

Ин ҳайвон дар гузашта ба гурӯҳи махсус бо номи uncia табақабандӣ мешуд, аммо баъдан бар пояи пажӯҳишҳои физиологӣ ба гурӯҳи палангсонҳо ворид намуданд

Палангҳои барфӣ аз дигар намуди ҳайвонҳои палангмонанд ба ҷусса хурдтаранд. Пӯсти онҳо сафед, зард ва моил ба хокистарӣ аст ва ин ҷонварон дорои холҳои тираранги рӯи пӯст ва ду тарафи бадани худ ҳастанд.  Шиками ин ҷонварон сафед аст ва чашмонашон сабзи камранг ё хокистарист, мӯҳои бадани ин ҷонвар сахту анбӯҳ аст ва дар нуқоти мухталифи бадан байни 5 то 12 сантиметр  тӯл дорад. 

Дарозии бадани паланги барфӣ аз сар то дум 75 то 150 сантиметр ва тӯли думи он 80 то 105 сантимерт аст. Тӯли дандонҳои неши ин ҷонвар 28 миллиметр ва вазни он 25 то 55 килограм аст.

Вижагии дигари паланги барфӣ ҷойи будубоши он аст, ки дар минтақаҳои сарду пурбарф ва сахраҳои баланд ҳаёт ба сар мебарад.

Дар гузашта ҳам аз ҳамлаи паланги барфӣ дар ноҳияҳои кӯҳистони Бадахшон хабарҳо паҳн шуда буданд.

ИНАК, ЧАНД ҚОИДАИ БЕХАТАРӢ:

– чорвочаронӣ бояд танҳо рӯзона, вақте ҳаво рушан аст, мумкин мебошад ва он ҳам бо чӯпон, ки бо худ ашёи тарсонандаи ҳайвоноти ваҳширо дорад. Шабона ҳавонот бояд дар маконҳои амн нигаҳдорӣ шаванд;

– фермаҳо ва молхонаҳое, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ берун аз қаламрави деҳа сохта шудаанд, бояд гирдогирд бо тур печонида шуда бошанд ва ё атрофашон девор гиронда шуда бошанд ва баландии ин девор на камтар аз 2,5 метр бошад.  Девор бояд ҳайвонҳоро аз вуруди паланги барфӣ ё хирс боэътимод муҳофизат кунад. Ба бошгоҳҳои тобистонии чорво диққати махсус додан лозим аст — онҳо бояд бо деворҳо мустаҳкам карда, шабона посбонй карда шаванд. Истифодаи усулҳои тарсонданн паланги барфй ба мақсад мувофиқ аст;

– ҳама ҷасади ҳайвонҳое, ки мавриди ҳамлаи паланги барфӣ ё ҳар ҷонвари дарандаи дигар қарор гирифтаанд, бояд сӯзонида нобуд карда шаванд;

– дар кулбаи шикорчӣ, бошгоҳҳои тобистона ва оғилхонаҳо сагҳо бояд ҳатман бошанд, вале онҳо бояд аз ҳамлаи паланги барфӣ ҳифз карда шаванд. Аз ин рӯ, барои саг паногоҳи вижа бояд сохт, масалан зери хонаву молхона ягон вурудгоҳи хеле танге, ки ба ҷуз саг ҳайвони дигар натавонад вориди он шавад. 

Ғайр аз ин бояд қаламрави хонаҳои шахсӣ дар маҳалҳои буду боши паланги барфӣ, бахусус дар канори деҳаҳо бо тур ва ё деворҳои баландиашон на камтар аз 2,5 метр ҳифзозат карда шаванд.