Резиши санг дар Дарвоз

Ҳамчниноне истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар дода будем, боришоти пуршиддат метавонад сабаби лағзиши тарма ва резиши санг шавад.

Чунончӣ, 20 феврали соли 2024 соатив 08:24 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километри 285 роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ, ки аз қаламрави деҳаи Яхчисори ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвози ВМКБ мегузарад, резиши санг ба қайд гирифта шуд.

Дар ҷойи ҳодиса кормандони хадамоти роҳи ноҳия бо ҷалби техникаи махсус фаъолият доранд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба вуҷуд доштани хатари эҳтимолии лағзиши тарма ва резиши санг дар роҳҳо бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат мекунад, ки эҳтиёт кунанд.

Дар чунин рӯзҳо рафтан ба чарогоҳ барои чорвочаронӣ, ба соҳили обҳо барои моҳидорӣ, шикоргоҳ барои шикор маслиҳат нест. Ҳамчунин дар рӯзҳое, ки боришот хатар эҷод мекунад, роҳандозии ҳар гуна корҳои кишоварзӣ дар саҳро низ қобили қабул нест. 

 Кумита ҳамчунин аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо аз рафтан ба ҷойҳои пурхатар худдорӣ кунанд. Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро риоя намоянд, бахусус риояи фосилаи ҳаракати байни мошинҳо гарави аслии бехатарӣ дар ронандагист.

барчасп: