Бо мақсади омодагӣ ба мавсими обхезӣ, инчунин пешгирии ҳодисаҳои табиӣ, аз қабили селу ярч дар минтақаҳои хатарноки воқеъ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон давоми се рӯз кормандони КҲФ бо ҷалби мақомоти маҳаллӣ ва аҳолӣ бо ташкили ҳашарҳо ҷӯву заҳбурҳо ва селроҳаҳову ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна хасу хошоку сангу шағл тоза карданд.
Дар рафти чорабиниҳои гузаронидашуда аҳолӣ ва воситаҳои техникии воҳидҳои Низоми ягона системаи пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодда барои тоза кардани ҷӯву каналҳо ва сою селроҳаҳо ҷалб карда шуданд.
Дар ин ҳашар беш аз 3 ҳазор нафар ширкат карданд.