Шаби 17 ба 18-уми феврали соли равон наздик ба соати 2 шаб, дар километри 158-уми роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ, ки аз тариқи ноҳияи Айни мегузарад, мошини сабукрави тамғаи “Нексия”, ки ба самти Хуҷанд дар ҳоли ҳаракат буд, зери тарма монд.
Гурӯҳи наҷотдиҳандагони КҲФ, ки дар минтақаи Зарафшон, ки дар роҳ навбатдорӣ мекарданд, ронанда ва мусофирони ӯро аз мошини зери барфмонда берун оварданд. Онҳоро ба макони амн ва ханаи гарм интиқол доданд. Бо ғизои гарм таъмин карданд.
Онҳо ба кумаки тиббӣ ниёз надоштанд.
КҲФ бори дигар ба сокинони кишвар муроҷиат мекунад, ки дар чунин рӯзҳои пурбориш аз сафарҳои бидуни зарурат бо роҳҳои кӯҳӣ ва тармахез худдорӣ кунанд. Риояи чораҳои бехатарӣ гарави амнияту сиҳатмандии шумост.
Тавре пештар ҳам хабар дода будем, бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии кишвар ҳавои номусоиду сард дар қаламрави Тоҷикистон то 21-уми феврал идома хоҳад кард.