Шабонарӯзи гузашта ҳаво дар саросари кишвар сарду боронӣ буд. Дар аксар манотиқ борони шадид ба барф мубаддал гашт. Боришот маъмулан кори нақлиётро дар роҳҳо мушкил мекунанд ва ҳамчунин барои одамон низ мушкилоти зиёд меорад.
Барфи болои бомҳо вазнин аст ва агар боз ин барфи тар бошад, вазнинтар. Масалан, дар бом бо масоҳати 100 метри мураббаъ, ки ғафсии қабати барф 50 сантиметр аст, массаи барфи нав борида то 5 тонна ва барфи тар то 15 тоннаро ташкил медиҳад. Ҳамаи ин миқдори барф болои боми хона фишор меорад ва бори аз ҳад зиёд ба бом ва сохтори чӯб метавонад боиси вайроншавӣ ва фурӯпошии он гардад.
Бо гармии ҳаво ва об шудани барфҳо дар канори сақфҳо ях пайдо мешавад. Шӯшаҳои овезони як хатар дорад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки ҳангоми гаштугузор ба ҳолати бомҳо таваҷҷуҳ кунанд. Ҳангоми мушоҳида кардани шушаҳои овезон дар лабгӯшаи бомҳои хонаҳои истиқоматии худ, зарур аст онро ба хадамоти комуналии маҳалли зистатон хабар диҳед, то ки сари вақт тоза карда шаванд. Кормандони хадамоти нигаҳбонии хонаҳо вазифадоранд ба арзу шикояти шумо сари вақт вокуниш нишон диҳанд ва пайи рафъи хатар кӯшанд.
- зери лабгӯшаи боми хонаҳо, ки шӯшаҳо овезонанд, наистед, дар ин маврид ба рафтори кӯдакон ҷиддан диққат диҳед;
- аз рӯйи имкон талош кунед лабгӯшаи боми хонаҳоро аз яхпораҳо тоза кунед;
- агар зарурати гузаштан аз лабгӯшаи бомҳои шушадор пеш омад, кӯшиш намоед хеле ба зудӣ аз он бигзаред;
- ҳангоми мушоҳида кардани шӯшаҳо ва якпораҳои овезон дар бомгӯшаҳо кӯшиш кунед ташкилоти хизматрасонро огоҳ созед. Кормандони хизмати коммуналӣ маъмуранд, ки ба иттилои шумо вокуниш нишон диҳанд.
Ҳамчунин дар ёд бояд дошт, ки бештар вақт шӯшаҳо дар обравҳо пайдо мешаванд, ин аст, ки ин мавзеъи хонаҳо хеле хатарноканд. Аз сӯйи дигар гузаргоҳи ин гуна мавзеъҳо хатари бештар доранд, чун маъмулан қабати ғафси ях маҳз зери обрави биноҳо ва шӯшаҳои овезон пайдо мешавад.
Зарур аст хеле эҳтиёткор буд ва аз зери деворҳои биноҳо бо эҳтиёт гузар кард. Агар ҳангоми ҳаракат дар пиёдарав шумо садои шубҳаовареро шунидед, набояд дар ҷоятон қарор гиред ва сар боло кунеду хоҳед донед, ки чӣ мегузарад. Эҳтимол меравад ин лағзиши барф аст ва ё афтиши яхпораи бузургест. Дар ин ҳолат ё зуд бояд гузашт ва ё зуд худро ба танаи девор ҷафс кард, то осебе ба худатон нарасад.