Таҳвили шаш адад техника ба КҲФ

Маросими таҳвили шаш адад техникаи махсус барои роҳандозии корҳои садамавиву наҷот, ки дар доираи татбиқи муштараки Лоиҳаи миллии КҲФ ва БОР оид ба идораи офатҳои табиӣ харида шудааст,  имрӯз, 12-уми феврали соли 2024 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

 Ҳамчунин аз ҷониби барномаи САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба Кумита воситаҳои шиноварӣ барои воҳидҳои наҷот супурда шуд. 

Ҳамаи ин воситаҳои техникӣ барои ба роҳ мондани корҳои фаврии наҷот ва бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ пешбинӣ шудаанд.  

Дар маросими таҳвили техника Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ва Намояндагони Лоиҳаи миллии идораи офатҳои табиӣ иштирок карданд.

барчасп: