9 феврали соли 2024 дар доираи такмили омодагии касбии кадрҳо ва бо мақсади татбиқи минбаъдаи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025» дар Раёсати моддию техникӣ, хӯрокворӣ ва таъминоти нақлиёти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Нигоҳе ба таърихи пайдоиши терроризм" баргузор шуд.
Семинари омӯзишӣ бо иштироки намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковник Ш. Саидмуродов гузашт. Дар семинар кормандони Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Кумита, Раёсати сохтмон, истифодабарии биноҳо ва иншоот, Раёсати Кӯли Сарез иштирок карданд.
Ҳадафи аслии ин семинар ифшо ва рӯшан кардани масъалаҳои муқовимат ба паҳншавӣ ва пешгирии идеологияи ифротгароӣ ва терроризм, роҳу усулҳои ҷалби ҷавонон ба созмонҳои ифротӣ буд.
Намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон зимни суханронии худ оид ба падидаи хатарноки ҷаҳони муосир – терроризм, нигаронӣ аз ҷалби ҷавонон ба зуҳуроти ифротгароӣ ва терроризм сухан ронда, дар бораи паёмадҳои ин падидаи манҳус ва ин раванди хатарнок маълумот дод. Вай зимни суханронии худ ҳамчунин дар бораи сиёсати давлатии муборза бо экстремизм, терроризм ва барномаҳои давлатие, ки дар кишвар дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ татбиқ мешаванд, ибрози назар намуд.
Зимни суханронии худ вай аз ҷумла қайд кард, ки «сиёсати давлати мо, пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ нигаронида шудааст. Ва мо, ҳомиёни Ватан, бояд тамоми талошҳои худро дар роҳи пешгирии ифротгароӣ ва терроризм муттаҳид созем».
Дар фарҷоми вохӯрӣ сардори Раёсати моддию техникӣ, хӯрокворӣ ва таъминоти нақлиёти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Назарзода З. ба афсари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ изҳори сипос намуда, инчунин аз ҳайати шахсии Раёсат даъват ба амал овард, ки хизмати ҳарбии худро софдилона ба ҷо оваранд ва дар кори сулҳу субот ва бехатарии кишвари маҳбуб ҳама талошҳои худро равона созанд.