Ҷоизаи “Шуҷоат ва ҷавонмардӣ” ба кормандони Кумита супорида шуд

6 феврали соли 2024 маросими ҷоизасупории ҷамъбасти соҳаи кор бо ҷавонон дар Кохи Суруш баргузор гардид,  ки дар он ба 2 нафар хизматчиёни ҳарбии Кумита ҷоиза супорида шуд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ ба сифати меҳмонони расмӣ Дилрабо Мансурӣ – муовини Сарвазири ҶТ, Раҳимзода С.Ҳ. – вазири маориф ва илими ҶТ, Муминзод Камолиддин – раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ,  Дилбар Одилзода - муовини Раиси шаҳри Душанбе Неъматзода Маликшо – раиси Федератсияи иттифоҳои касабаи мустақили Тоҷикистон даъват шуда, дар маросими ҷоизасупорӣ ширкат варзиданд. Ҳамчунин роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, донишҷўён, ғолибони ҷоизаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш  иштирок намуданд.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ Зулфиқор Гулаҳмадзода - раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ оғоз намуда, меҳмононро пазироӣ намуд ва аз дастоварду пешрафт ва нақши ҷавонон дар солҳои соҳибистиқлолӣ, саҳми Пешвои миллат дар пойдории соҳибистиқлолии кишвар ва дастгирии ҷавонони мамлакат суханронӣ намуд. Маросими кушодашавии расмии чорабинӣ ва сухани табрикотӣ аз ҷониби Мансурӣ Д. – муовини сарвазири мамлакат эълон гардида, номбурда оид ба ғамхориҳо, дастгириҳо ва роҳнамоиҳои Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон, ҳисси ватандӯстӣ ва қувваи пешбарандаи давлат будани ҷавонон, қабул гардидани қонунгузориҳои марбута суханронӣ намуд. Мавсуф оид ба номинатсияҳои ҷоизаҳо таъкид намуда, маросими ҷоизасупориро ҳусни оғоз бахшид.

Дар шумори беҳтаринҳои ҷоизаи “Шуҷоат ва ҷавонмардӣ” 2 нафар хизматчии ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ -  капитан Муҳидинов Орзумурод Аҳлидинович ва лейтенант Мирзоев Аслиддин Оқилҷонович дар фазои тантанавӣ қадрдонӣ карда шуданд.

барчасп: