Мулоқот бо ҳайати Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон

8 феврали соли 2024 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии ҷаноби Гирт Гиджс – коршиноси Бюрои аврупоии СҶТ мулоқот баргузор шуд.

Дар мулоқот оид ба масъалаҳои расонидани ёрии аввалияи тиббӣ дар ҳолатҳои фавқулодда табодули афкор сурат гирифта, масъалаҳои зарурати ворид намудани низоми ягонаи қувва ва воситаҳои Кумита дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкил ва муайян намудани вазифаҳои техникии Гурӯҳи кории миллии расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ, муайян кардани нақш ва масъулияти Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба Гурӯҳи миллии кории тими миллӣ  ба таъмини ёрии оҷили тиббӣ барарсӣ шуданд. 

Дар вохӯрӣ масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ дар ҳолатҳои фавқулодда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки Созишномаи сеҷонибаи ҳамкорӣ миёни КҲФ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ имзо шавад.

барчасп: