2 феврали соли 2024 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муллоқоти Раиси Кумита генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода бо Сафири Фақулода ва Мухтори тозатаъини Ҷумҳурии Фаронса хонум Элза Пинёл баргузор шуд.
Дар ҷараёни мулоқот сарвари КҲФ хонум Пинёлро барои ба вазифаи пурмасъулияти сафирӣ таъин шуданаш табрик кард. Сипас дар бораи ҳолатҳои фавқулодаи хоси минтақа ва Тоҷикистон, корҳои анҷомшуда дар самти коҳиши хатари офатҳо, ҳамчунин ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт ба меҳмони олиқадр маълумот дод.
Дар мулоқот рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии паёмадҳои ҳолатҳои фавқулода, ҳамчунин ҳамкориҳои Кумита бо Фаронса дар ин самт сухан рафт.
Раиси Кумита иброз дошт, ки равобит миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса дар ин самт хеле муҳим аст ва КҲФ ба ин масъала диққати басо ҷиддӣ медиҳад.
Хонуми Сафир дар навбати худ иброз дошт, ки дар оянда ба рушд ва таҳкими ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Фаронса ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии паёмадҳои ҳолатҳои фавқулода кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.
Дар поёни мулоқот дар атрофи масоили барои ҷонибҳо судманд табодули афкор сурат гирифт.