Инак, моҳи декабр ҳам ба даҳаи сеюми худ наздик мешавад, ҳавои сарди зимистон ба истиқболамон меояд. Мо талош мекунем хонаҳоро гарм нигоҳ дорем, чун ҳавои сард маъмулан метавонад боиси касалиҳо шавад. Дар пеш Соли нави милодист ва табиист, ки дӯстдорони ҳар гуна тафреҳҳои солинавӣ ҳам зиёданд. Аммо ба ин нукта ҳам набояд бетаваҷҷуҳ буд: фасли зимистон бо сардиҳову барфу яхбандиҳои худ як зояндаи ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ ҳам мебошад. Аз ин рӯ бояд эҳтиёт кард.
Яке аз сабабҳое, ки боиси рӯйдодҳои нухуш мешавад, ба бетаваҷҷуҳии одамон иртибот дорад. Шумо чун аз хона берун шудед ва ё соати корӣ ба анҷом расиду дарро бастед ва рафтед, аммо фаромӯш кардед асбобҳои барқиро хомӯш кунед. Ва ё ҳангоми гарм кардани хона аз бухориҳо нодуруст истифода кардед.
Ё худ шумо сафар доред, субҳ ё чошт ё шаб саросема савори мошин шудед ва ҳаракат кардед. Аммо фаромӯш кардед, ки мошинро аз қабл ба сафар омода кунед. Надидед ё фаромӯш кардед, ки чархҳои мошинатонро шумо бо чархҳои зимистона иваз накардед, ёдатон рафт бубинед, ки оё дорухонаи мошинатон ба миқдори кофӣ дору дорад ё на?
Барои пешгирӣ аз ин гуна ҳодисаҳо мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин тавсияҳоро омода карданд, ки риояи онҳо ба манфиат аст.
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРИИ ДАР СӮХТОР
Бо фарорасии фасли зимистон шумори сӯхторҳое меафзоянд, ки бештар ба сабаби риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ рух медиҳанд. Як сабаби аслӣ риоя накардани қоидаҳои истифода аз системаи гармидиҳӣ мебошад.
Ва барои он ки ин гуна ҳодисаҳо рух надиҳанд ва аз онҳо пешгирӣ карда шавад, чанд қоидаи муҳимро ёдовар мешавем:
- дар хотир дошта бошед, ки ҳар таҷҳизот муҳлати истифода дорад ва истифодаи беш аз ҳадду зиёда аз муҳлати нишондодашуда сабабгори паёмадҳои нохуш шуда метавонад;
- шумо ҳамеша талош кунед асбобҳои барқиеро, ки бо василаи онҳо хонаҳои худро дар зимистон гарм мекунед ва ё ҳангоми пухтупаз истифода мебаред, тафтиш намоед. Хеле бадиққат бошед ва санҷиши пайваставу ҳамешагӣ метавонад аз ҳар гуна ҳодисаҳои ногаҳонӣ пешгирӣ кунад;
- ҳолати обгаркунҳои барқиро сари вақт санҷед: саривақт онҳоро таъмир кунед, бахшҳои корношоямшударо иваз намоед;
- танҳо аз таҷҳизоте истифода кунед, ки дар корхонаҳои саноатӣ истеҳсол шудаанд. Ба ҳеҷ ваҷҳ аз таҷҳизоти дастсохти бозор истифода нанамоед, чун онҳо бе риояи меъёрҳои бехатарӣ аз ҷониби шахсони ғайримутахассис сохта мешаванд ва кафолати бехатарӣ надоранд;
- аз истифодаи ҳамзамони чандин дастгоҳи қудратманди барқӣ худдорӣ кунед;
- ҳаргиз таҷҳизоти барқиро шабона, вақте хоб меравед, даргирон намонед, онҳоро барои хушк кардани либосҳои тар истифода накунед;
- нагузоред, ки бачаҳо бо таҷҳизоти барқӣ бозӣ кунанд, ҳамеша онҳоро назорат кунед;
- таҷҳизотро дар масофаи дуртар аз пардаи хона ва ё мебелҳо насб кунед;
- обгармкунҳои барқиро дар хонаҳое, ки маводҳои зудоташгиранда ва ё ҳар гуна маҳлулҳои оташангез нигоҳдорӣ мешаванд, истифода набаред;
- пайваста ин гуна таҷҳизотҳоро аз ҳар гуна чангу хок пок созед, зеро баъзан гард ҳам боиси оташсӯзӣ мешавад;
- симҳои барқи бухориро аз зери фаршу дигар пӯшишҳо убур надиҳед, ба болои симҳо ашёи вазнин, аз қабили мебелро нагузоред;
- қувваи барқро сарфаҷӯёна истифода баред, бидуни зарурат таҷҳизоти барқиро рушан накунед.
ГАЗИ КАРБОН ЧӢ ХАТАР БАРОИ ИНСОН ДОРАД?
Бояд қайд кард, ки истифодаи ангишт аз як ҷиҳат агар манфиатовар бошад, аз нигоҳи дигар дар сурати риоя накардани тартиби истифодаи он метавонад барои саломатии инсон хатарнок, ҳатто марговар бошад. Ҳангоми сӯзонидани ангишт гази оксиди карбон (СО), дуоксиди карбон (СО2), оксиди нитроген (NO2), оксиди сулфур (SO2), дуда ва дигар металҳои вазнин, ки барои саломатии инсон хатарноканд, ихроҷ мешавад. Бахусус дар ҳолати пурра насӯхтани ангишт гази марговари оксиди карбон (СО) ҳосил шуда, дар сурати мутобиқ набудани ҳавокаши печи истифодашаванда ба дохили бино паҳн гардида, метавонад одамонро заҳролуд ва ҳатто ба марг дучор намояд. Қобили зикр аст, ки дар сурати пурра насӯхтани ангишт ихроҷи оксиди карбон бештар мешавад.
Ин газ бӯй ва ранг надорад аз ин лиҳоз дар дохили хона паҳншавии онро инсон пай намебарад. Дараҷаи таъсири оксиди карбон на фақат аз зиёд гардидани ғизлатнокии он, балки ба муддати тулонӣ дар муҳити аз меъёр зиёд мавҷуд будаи ин газ ҳузур доштани инсон вобаста аст. Вобаста ба зиёд гардидани ғизлатнокии гази оксиди карбон, таъсири он ба саломатии инсон чунин оқибатҳо дошта метавонад:
бадшавии биноии чашми инсон;
- вайроншавии баъзе функсияҳои асаб (ҳангоми мавҷудияти оксиди карбон дар таркиби
- ҳаво 2-5%)
- тағйирёбии фаъолияти дил ва шушҳо (ҳангоми мавҷудияти оксиди карбон дар таркиби
- ҳаво аз 5% зиёд)
- дарди сар, хоболудӣ, мушкилоти нафаскашӣ ва ба марг дучор кардан (ҳангоми мавҷудияти оксиди карбон дар таркиби ҳаво 10-80%)
Таҳлилҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки беҳушшавии инсон ҳангоми фаъолияти вазнини инсон дар муддати 1-2 соат ва дар ҳолати оромӣ дар муддати 3-6 соат ба вуҷуд меояд. Оксиди карбон ба ҷараёни хун ворид мешавад ва бо молекулаҳои гемоглобин бо оксиген рақобат мекунад. Ин модда нисбат ба оксиген ба гемоглабини хун қавитар пайваст мешавад. Ҳар қадаре, ки оксиди карбон дар ҳаво зиёд бошад, ҳамон қадар гемоглобин ба он пайваст мешавад ва оксиген ба ҳуҷайраҳо камтар мерасад. Қобилияти расонидани оксиген ба бофтаҳо халалдор гашта, спазмҳои рагҳо ба амал меоянд ва фаъолияти иммунологии одам кам мешавад. Ҳамчунин, дар раванди сӯхтани ангишт оксиди нитроген ва оксиди сулфур ихроҷ мегарданд, ки онҳо низ метавонанд ба саломатӣ таъсири манфӣ расонида, инсонро ба бемориҳои гуногун дучор намояд.
Бинобар ин, шаҳрвандонро зарур аст, ки ҳангоми истифодаи ангишт аз оқибатҳои эҳтимолии манфии он низ андеша намоянд.
Барои аз таъсири газҳои заҳрноки ангишт ҳифз намудани инсонҳо зарур аст, ки дар манзилҳои истиқоматӣ аз печҳои мувофиқ барои сӯзонидани ангишт истифода карда шуда, қобилияти ҳавокашии қубури дудпарто ба инобат гирифта шавад. Ҳамчунин, ҳангоми истифодаи ангишт ҳавои хонаҳо бояд мунтазам иваз карда шуда, давоми шабона барои ворид гаштани миқдори муайяни ҳавои тоза аз тирезаҳо мусоидат намоянд. Шахсе, ки бо ин газ заҳролуд шудааст, бояд фавран ба ҳавои кушод бароварда шуда, барои бартараф намудани оқибати таъсири он ба муассисаҳои тандурустӣ муроҷиат намояд.
ИН ЧАНД ТАВСИЯ, БА РОНАНДАГОН КИ ИҶРОИ ОН ЧАНДОН МУШКИЛ НЕСТ
- Дар аввал вазъи ҳаворо дар масире, ки бояд ҳаракат кунед, дақиқ кунед: барф меборад ё борон, роҳҳо жоларезанд ё туман меояд, ҳаво офтобист ё абрӣ. Ва агар дидед, ки ҳавои номусоиду барфу борони шадид пешбинӣ шудааст, пас ба ҳадди имкон аз сафар худдорӣ кунед. Шумо метавонед рӯзе баъд ё ду рӯз пас ба сафар бароед, ҳарчанд дер мешавад, вале бехатарии шумо таъмин аст;
- ҳолати техникии мошини худро санҷед. Роҳи дур масъулияти бештар дорад ва мошин аз нигоҳи техникӣ бояд бенуқс бошад;
- ба пайвандон ва хешу ақрабо ҳатман бигӯед, ки сафар доред. Ба онҳо хеле дақиқ расонед, ки куҷо мехоҳед равед ва кай ба роҳ мебароеду қарор аст кай ба макон расед;
- хати ҳаракати худро омӯзед. Аз қабл донед, ки нуқтаи таъмин бо сӯзишворӣ (заправка) маҳз дар куҷост, оё дар роҳ нуқтаҳои хӯроки умумӣ, аз ҷумла чойхонаву ошхонаҳо ҳастанд ва агар ҳа, пас маҳз дар куҷо ҷойгиранд? Таваққуфгоҳи дастаҷамъии мошинҳо чӣ?
- вақти ғизохӯрӣ, истироҳат, сӯхтгирӣ барои мошинро дақиқ кунед;
- ҳамроҳи худ ҳатман воситаҳои алоқа бояд дошта бошед. Дар замони мо ин кори чандон мушкиле нест. Ҳар ронандае, ки ба сафари дур меравад, ҳатман як ё ду телефони мобилӣ бо худ дорад. Вале шумо таҷҳизотеро, ки ба телефонҳои шумо қуввати алоқа мебахшанд (зарядник), фаромӯш накунед;
- роҳ дур аст, имкони шаб дар роҳ мондан вуҷуд дорад, пас фонус бо худ дошта бошед;
- шумо эҳтимолан на ҳамеша метавонед дар ошхонавуу чойхонаҳо ғизо хӯред, ба ҳар ҳол бо худ захираи ғизо, гӯгирд бигиред. Либоси гармро дар фасли зимистон фаромӯш накунед. Ҳамчунин як термоси оби гарм ё чой ё қаҳфа ҳам дошта бошед;
- дорухонаи мошинатонро ҳатман бо доруҳои зарурӣ ва докаву спирту пахта барин воситаҳои дармониву кумаки аввалия пур кунед.
ҲАНГОМИ САФАР:
Инак, тасмим гирифтед, ки ба сафар мебароед ва аз манзил берун шудед. Чӣ бояд кунед? Аввалтар аз ҳама дар ёд дошта бошед, ки бозгашти Шуморо волидон ва фарзандону пайвандонатон бесаброна интизоранд. Ҳамагӣ чанд лаҳза пеш бо онҳо худоҳофизӣ кардед ва ҳама бароятон сафари бехатару бобарор хостанд. ПАС ДАР РОҲ ЭҲТИЁТ КУНЕД!
- ҳатман қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ва низоми суръати ҳаракатро риоя намоед. Чаро бояд шитоб кунед? Дар ҳоле ки оромона рафтан бехатар аст;
- агар обу ҳаво бад шуд ва борону барфи шадид борид, кӯшиш кунед дар наздиктарин нуқтаи аҳолинишин таваққуф намоед. Агар шумо дар назди ягон нуқтаи сӯхтгирӣ, ошхонаву қаҳвахонаҳои сари роҳ, таваққуфгоҳҳои мошинҳо қарор гиред, боз ҳам хубтар аст. Вале фаромӯш накунед: пайвандон ва хешу дӯстонатонро хабардор намоед, ки ҳоло куҷоед ва чаро аз ҳаракат бозмондед;
- ҳангоми исти ғайринақшавиву ғайрибарномавӣ ва ё садамавӣ ба воҳима дода нашавед! Нишони садамавиро дар роҳ гузоред, чароғи садамавии мошинро гирон кунед, ягон матоъи рангаш рушанро ба антенаи мошинатон боло кунед, то аз дур ҳам шуморо бубинанд. Аз ронандагони мошинҳое, ки аз наздатон мегузаранд, ёрӣ пурсед;
- агар дар назди шумо касе нест, пас талош кунед дар куҷо будани худро муайян намоед. Барои ин шояд аз харита ва ё ягон таҷҳизоти электронӣ истифода намоед;
- вазъи худ ва макони исти худро ба хадамоти фаврӣ расонед. Дар ин гуна ҳолатҳо шумо бемалол метавонед аз тариқи телефони 93 880 28 19 ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда занг занед ва кумак хоҳед. Имдодгарон ҳамеша омодаи ёрианд;
- агар шумо аз нуқтаи аҳолинишин дур бошед, пас маслиҳат он аст, ки то расидани имдодгарон дар дохили мошин бимонед;
- агар шумо дар роҳ шабона мондед, пас ҳатман чароғи мошинатонро даргирон монед;
- барои сарфаҷӯӣ муҳаррики мошинатон ва салони онро дар як соат ҳамагӣ даҳ дақиқа гарм кунед;
- агар ҳаво хеле сард аст, пас дохили мошинро гарм нигоҳ доред, дару тирезаи онро бо кампал, гилемчаҳо ва умуман ҳар матоъи дигар пӯшонед;
- агар ҳамсафаре доред, бо навбат бихобед, вале агар танҳоед, пас аслан нахобед;
- гармӣ, об ва ғизоро сарфакорона истифода намоед.
Агар шумо ин қоидаҳоеро, ки хеле одианду иҷрояшон мушкиле надорад, иҷро намоед, пас бехатрии худ ва ҳамроҳонатонро таъмин хоҳед кард!