Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамринҳои чоррӯзаи муштараки ҳарбӣ ва амаливу стратегӣ ширкат карданд.
Дар ин тамринҳо хизматчиёни ҳарбии гарнизони Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
Дар ҷараёни омӯзишҳо кормандони КҲФ нуқтаи сафарбарии аҳолӣ, техникаи вижа ташкил карданд. Ҳамчунин шаҳраки хайманишинон сохта шуд.
Имрӯз дар поёни тамриҳо қисмҳои наҷот ва хизматчиёни ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар амалҳои низомии гарнизони шаҳри Душанбе ширкат карданд.
Барои ширкати фаъолона дар ин тамринҳо бо фармони Вазири мудофиаи Тоҷикистон чандин нафар аз ҷумлаи кормандони КҲФ соҳиби ҷоиза шуданд.