Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо мақомоти дахлдори ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд машқҳои густардаи омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулоддаро роҳандозӣ карданд. Дар машқ намояндагони хадамоти мудофиаи граждании ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ, комиссияҳои мудофиаи гражданӣ, Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва иншоотҳои иқтисодӣ ва аҳолие, ки бояд интиқол ёбанд, ширкат доштанд. Ҳадаф омодагии бештари воҳидҳои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва тамрини мукаммали мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд буд.
Ин тамрин бар асоси супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10-уми феврали соли равон ва Нақшаю чорабиниҳои асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2017 дар се марҳила роҳандозӣ шуд.
Дар марҳилаи аввал, ки субҳи рӯзи 23-уми май оғоз гардид, қисмҳои мудофиаи гражданӣ, воситаҳои ҳифзи аҳолӣ, амволи аҳолӣ ва роҳ надодан ба фавти одмон ва интиқоли онҳо ба ҷойҳои бехатар ҳангоми омадани сел ва таҳдиди он ба маҳалҳои аҳолинишин тамрин шуд.
Марҳилаи дуюм фармони Раис-Сардори мудофиаи граждании ноҳия аз 25-уми май дар мавриди муташаккилона интиқол додани аҳолии ҷамоати Овчӣ-Қалъачаро амалӣ сохт. Ба ин кор низ воҳидҳои наҷот, хадамоти мудофиаи гражданӣ, ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи граждании иншоотҳои иқтисодӣ ширкат карданд. Аҳолии зери таҳдиди хатар дар баробари дарёфти бонги “Хатар” дар деҳаи Қалъача ҷамъ оварда шуданд, комиссия онҳоро ба қайд гирифт, сипас бо воситаи нақлиёт ва пойи пиёда ба маркази солимгардонии кӯдаконаи Суғд воқеъ дар рустои Наврӯз кӯчонида шуданд.
Бо мақсади таъмини амнияти мардум дар ҳайати 15 нафар аз миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар ин тамринҳо ширкат доштанд, гуруҳи вижа созмон дода шуд. Онҳо вазифадор шуданд минтақаи ҳолати фавқулоддаро иҳота кунанд, тартиботи ҷамъиятиро нигоҳ доранд, нагузоранд, ки афроди ҷиноятпеша ба минтақа ворид ва даст ба ғорату дуздӣ зананд, шахсонеро, ки даст ба ҷиноят мезананд, боздошт ва тибқи қонуни ҳолати фавқулодда ба ҷазо кашанд.
Дар тавраи баргузории машқҳо хадамоти муҳофизат аз селҳо ҳамзамон дар соҳили чапи “Баҳри тоҷик” даст ба корҳои амалии соҳилбандӣ заданд.
Як масъалаи хеле муҳим ин роҳ надодан ба осеби хатҳои интиқоли неруи барқ буд, ки дар рафти тамринҳо ширкаткунандагон ба ин ҷиҳат таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд ва чанд ҳолати ҳифзи хатҳо аз садамаҳои табииро машқ карданд.
Масъалаҳои расонидани ёриҳои аввалини тиббӣ ба аҳолии зарардида низ як бахши ин корҳои омӯзишӣ буд, ки тамрин шуд. 8 нафар ва ду техникаи махсуси кӯмаки аввалияи тиббӣ-беҳдоштӣ ба минтақаи ҳолатҳои фавқулодда ворид шуда, ба корҳои таъминоти тиббӣ шуруъ карданд.
Марҳилаи сеюми машқҳо марҳилаи таҳлил ва арзёбӣ буд. Ва бо ҳам ин тамринҳои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба анҷом расиданд.