Мо ҳама хуб медонем, ки ин минтақаи афсонавӣ ҳамеша таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб мекунад ва онҳо ба ин минтақаи Тоҷикистон ташриф оварда, Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилал муаррифӣ менамоянд. Дар ҳақиқат вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои саёҳати кӯҳиву экологӣ ва табобатӣ минтақаи беҳтарин маҳсуб мешавад. Беҳуда нест, ки соли 2017 кӯҳҳои Помири Тоҷикистон бори cеюм ба рӯйхати “100 манзараи беҳтарини сайёҳӣ” дар ҷаҳон шомил гардиданд.
Истиқлолияти давлатӣ ва расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистон дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту ободии мамлакат ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Дар Бадахшон, ки имрӯзҳо, корҳои зиёди созандагӣ амалӣ шудаанд ва мушоҳида мешавад, ки мардуми бонангу номуси вилоят барои боз ҳам ободу зебо ва пешрафта гардонидани диёри худ содиқона заҳмат кашида истодаанд.
Рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Бадахшон ҳамеша дар маркази диққати Президент ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар натиҷаи чораҳои амалинамудаи Ҳукумат, бахусус, дар солҳои охир дар ҳама соҳаву бахшҳои ҳаёти вилоят тағйироти куллӣ ба назар мерасанд. Умуман, дар 30 соли даврони истиқлолият дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти таъиноти гуногун сохта, ба истифода супорида шуда, симои шањру ноњияњои вилоят имрӯз ба як шаҳрњои замонавӣ монанд гардидааст.
Аммо таҳаввулоту ҳодисоте, ки вақтҳои охир дар дунё ба амал омада истодаанд, моро ҳушдор медиҳанд, ки ба масъалаи пок сохтани ҷомеа аз унсурҳои ҷиноятпеша, муборизаи беамон бо ҷинояткории муташаккил, пешгирӣ кардани содиршавии ҷинояту бетартибиҳо аз ҳарвақта бештар аҳамият диҳем. Мушоҳида мегардад, ин табақаи бонуфузи ҷомеа, ҳазорон нафар кормандони муассисаҳои таълимӣ, яъне аҳли зиё, падару модарон ва шахсиятҳои обрӯманд дар решакан кардани ҷинояткорӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, хештаншиносӣ, дар ҳақиқат дӯст доштани Ватан, дастгирии падару модар, пешгирӣ кардани фарзандон, хешу табору пайвандон ва ҳамдеҳагони худ аз алоқамандӣ бо муомилоти ғайриқонуниву истеъмоли маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, қонуншиканӣ, бетартибӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ як навъ мавқеи бетарафиро ишғол намудаанд.
Бадахшон порае аз хоки муқаддаси Тоҷикистони азиз аст. Мо бояд ҳеҷгоҳ фирефтаи афкори заҳрогини бадхоҳони миллат нагардем ва ҳама якдилу якҷон барои сулҳу ваҳдат ва ободию пешрафти ватани азизамон ҷаҳду талош намоем.
Муовини сардори Сарраёсат- сардори Раёсати ташкилию оперативӣ полковник Х.Вализода