Аз имрӯз, 24 то 26 ноябри соли 2021 дар шаҳри Матозинюши Португалия Форуми аврупоии коҳиши хатари офатҳои табиӣ - 2021 баргузор мешавд. Дар кори ин Форум ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рустам Назарзода ширкат мекунад.
Форум ба зарурати ҳалли хусусияти системавӣ, ҷамъшаванда ва мураккаби хатарҳо, бахусус дар партави ҳамагирии Ковид-19 ва ҳолати фавқулоддаи иқлимӣ таъкид хоҳад кард.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Раёсати коҳиши хатари офатҳои СММ дар ҳамкорӣ бо Идораи миллии ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии Португалия ва Комиссияи Аврупо ташкил карда шудааст.
Форум, як механизми муҳими мубориза бо хатари офатҳои табиӣ дар Аврупо, ҳамчун платформа барои ҷонибҳои манфиатдор барои ба дӯш гирифтани масъулияти муштарак ва ӯҳдадориҳои амалӣ ҷиҳати коҳиши хатари офатҳои табиӣ хизмат мекунад.
Ҳамоиш як чорабинии бисёрҷонибаи ҷонибҳои манфиатдор дар рӯҳияи барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ мебошад. Ин имкон медиҳад, ки ҳукуматҳо ва коршиносон дар мавриди таҷрибаҳои андӯхтаи худ ва равишҳои инноватсионии пешгирӣ, коҳиш ва идораи хатарҳои офатҳои табиӣ табодули афкор кунанд.