Имдодгарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе се нафарро аз дохили як лифте, ки миёни ошёнаҳои хонаи бисёрқабата хароб шуда буд, наҷот доданд.
Ин ҳодиса рӯзи 23-уми ноябри соли равон соати 11:25 дақиқа рух дод. Шаҳрвандон ба Қисми навбатдории КҲФ занг заданд ва хабар доданд, ки дар бинои 17/5 кӯчаи Саъдии Шерозии пойтахт як лифт хароб шудаву се нафар дар дохили он мондаанд.
Барои кумаки саривақтӣ ба ҷойи ҳодиса дастаи наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе равон карда шуданд.
Имдодгарон ба ҷойи ҳодиса расида зарфи 15 дақиқа бо истифода аз таҷҳизоти гидравликии садамавиву наҷот дари бастаи лифтро боз карданд ва ин се танро беосеб наҷот доданд.
Онҳо ба ёрии аввалияи тиббӣ ниёз надоштанд.
«Шаҳрвандон, ки сокинони ҳамин бино буданд, аз берун ба хона бармегаштанд. Чун ба лифт нишастанд ва он равон шуд, баногаҳ миёни ошёнаҳо дармонд. Муддати як соат дар дохили лифт талош карданд ба хадамоти садамавӣ ва диспетчерӣ занг зананд ва аз мушкилашон хабардор созанд. Вале касе ба имдодашон нарасидааст”,-гуфтанд дар бозгашт наҷотдиҳандагон.