Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кумаки имдодгарон дар ду ҳодисаи рӯзи гузашта хабар дод.
Як сокини кӯчаи ба номи Аминҷон Шукӯҳии шаҳри Душанбе ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки болои мошини вай дар назди манзилаш як дарахти азим аз барфи тару вазнин чаппа шудааст.
Дастаи имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд. Маълум гардид, ки дарахт қисман ба мошини тамғаи «Toyota-Camry» осеб расондааст.
Наҷотдиҳандагон дарахтро арра карданд ва мошинро аз зери он берун оварданд. Ҳангоми болои мошин сарозер шудани дарахт, касе дар мошин ва ё наздикиҳои он набудааст ва аз ин ҳодиса касе зарар надидааст.
Як сокини кӯчаи Ойгул 11 низ ба Қисми навбатдорӣ занг задааст ва гуфтааст, ки оби зиёд таҳхонаи манзили ӯро пур кардааст.
Наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расиданд ва оби ҷамъшуда дар таҳхонаро, ки метавонист ба худи хона осеб расонад, берун кашиданд.