Як ҳайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар Москав бо фаъолияти Маркази ёрии таъҷилии равонии ВҲФ Русия шинос шуд

Ҳайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи як сафари корӣ бо тастгирии САҲА аз Маркази ёрии таъҷилии равонии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия дидан кард.

Меҳмононро муовини директори Марказ Татяна Никитина бо фаъолияти Марказ шинос намуд. Вай зикр кард, ки ин хадамот, ки барои расонидани ёрии таъҷилии равонӣ ба афроди дар ҳолати фавқулода қарордошта таъсис ёфтааст, имсол 22-сола шуд.

«Дар ин муддат, мутаассифона, мо таҷрибаи зиёде андӯхтаем, иштирокчии рафъи оқибатҳои қариб ҳамаи садамаҳои бузург ва офатҳои табиӣ дар қаламрави кишварамон ва бисёре аз ҳодисаҳои дар хориҷи кишвар рухдода будем. Дар рафти ин кор мо тавонистем, ки системаи мукаммали расонидани ёрии равониро ба вуҷуд оварем, кори бахшҳои худро дар ҳашт минтақаи кишвар ба роҳ монем», - гуфт Татяна Никитина.

Мехмонони Марказ дар бораи кори равоншиносон филм тамошо карда, ба як катор шуъбаҳои асосии хидмати равонии шуъбаи ёрии таъчилй рафта, бо кори онҳо шинос шуданд.

Сардори шӯъбаи вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ Кирилл Бородин нақл кард, ки кори расонидани ёрии таъҷилии равоншиносӣ дар ҳолати фавқулодда чӣ гуна ба роҳ монда шудааст, рафтани равоншиносон ба ҷои ҳодиса чӣ гуна сурат мегирад ва барои ин чӣ қадар вақт лозим аст ва ғайра. Ӯ ҳамчунин дар бораи навбатдории шабонарӯзӣ дар заминаи Маркази Гурӯҳи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар Маскав, ки ба вазифаҳои он расонидани ёрии таъҷилии равонӣ ба қурбониёни сӯхтор, садамаҳои нақлиётӣ ва афроди даст ба худкушиҳо зада дохил мешавад, ҳикоят кард.

Сардори шӯъбаи усулҳои фосилавӣ Елена Варфоломеева бо кори телефони боварӣ ва операторони машваратҳои психологии фосилавӣ, ки шабонарӯзӣ ба аҳолӣ ёрии психологӣ мерасонанд, шинос намуд.

«Ҳангоми рафъи оқибатҳои ҳолати фавқулода одамон ба маълумот дар бораи ҷойгиршавӣ ва ҳолати қурбониён, вазъи кунунии корҳо ва чорабиниҳо оид ба рафъи ҳолати фавқулодда эҳтиёҷоти фаврӣ доранд», - гуфт Елена Варфоломеева ва илова намуд: - Самти дигари фаъолият ин омӯзиши равонии худи ВКФ Русия мебошад”.

Илова бар ин, намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода бо имкониятҳои Марказ дар доираи омодагии равонии ҳайати шахсӣ, корҳои офиятбахшии тиббию равонӣ, инчунин дастгирии ташхиси равонӣ, ки дар доираи онҳо намудҳои гуногуни муоинаи равонӣ гузаронида мешаванд, шинос шуданд.  

Дар мулоқот намояндагони Маркази ёрии таъҷилии равонии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия ва намояндагони ҳайат масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъда ва рушди муносибатҳо дар соҳаи фаъолияти равониро баррасӣ карданд. 

барчасп: