Омӯзишҳои мудофиаи гражданӣ дар Рашт

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ноҳияи Рашт як силсила  омӯзишҳои мудофиаи гражданӣ баргузор намуданд.

Ин омӯзишҳо дар мавзӯъи “Амали ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ ҳангоми бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ ва истифодаи қувва ва воситаҳои мудофиаи граждании ноҳия” муддати се рӯз идома дошт. Ва  таҳти роҳбарии сардори мудофиаи гражданӣ, Раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Набизода гузаштанд. Дар он кормандони масъули КҲФ, намояндагони комиссияи ноҳиявии ҳодисаҳои фавқулода, роҳбарони ҷамоатҳо фаъолона ширкат намуданд. Омӯзишҳо мутобиқ ба риояи қоидаҳои бехатарӣ барои роҳ надоданд ба хуруҷи бемории сироятии коронавирус гузаштанд.

Зимни тамринҳо масъалаҳои омодагии мақомоти мудофиаи гражданӣ ва идораи ҳолатҳои фавқулодда, Низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, қувваю воситаҳо ба сел, ярч, заминларза ва интиқоли аҳолии ҷамоату деҳот ба маконҳои амну бехатар баррасӣ шуданд.  

Дар машқҳо дараҷаи омодагии аҳолӣ ба муҳофизат аз сел, ярч, заминҷунбӣ кор карда шуда, омодагии нерӯву воситаҳои мақомоти ноҳия дар рафъи ҳолатҳои фавқулодда арзёбӣ гардид.

Ғайр аз ин ҳамаи иншооти мудофиаи гражданӣ ба ҳоли омодабош дароварда шуд. Дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ системаҳои огоҳсозии изтирории аҳолӣ аз рўй додани ҳолати фавқулодда ва ё таҳдиди он санҷида шуда, корҳои соҳилбандӣ гузаронида шуданд.

барчасп: