Наҷоти як бонуи 27-солае, ки мехост ба қасди худкушӣ худро аз ошёнаи 15-уми бино сарозер кунад

15 ноябри соли 2021 ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як сокини кӯчаи Бухоро 34 шаҳри Душанбе занг зад ва гуфт, ки яке аз бонувони ҳамин бино ин лаҳзаҳо мехоҳад худро бикушад. Вай барои аз ошёнаи 15-ум худро ба зер афкандан омодагӣ дорад.

Дастаи наҷотдиҳандагон ва равоншиноси гурӯҳи вокуниши сареъи Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе фавран ба ҷойи ҳодиса эъзом шуд.

Чун ба ҷойи ҳодиса расиданд, маълум гардид, ки сокини 27-сола дар нижвон (қоши иморат) истодаву касеро наздик омадан намемонад ва таҳдид мекунад, ки худро сарозер хоҳад кард. 

Имдодгари равоншинос бо вай вориди суҳбат шуд ва бо ин васила таваҷҷуҳи ӯро ба сӯи худ кашид. Дар ин асно наҷотбахшони дигар аз тирезаи дигар ба ӯ наздик шуданд ва бонуро аз қоши иморат ба даруни хона тела доданд. Баъдан ӯро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд, то  сабабҳои ба худкушӣ даст задани вайро таҳқиқ кунанд. 

Бино ба маълумоте, ки дар суҳбати аввалия ба даст омад, ин бонуи хонадон ба сабаби ноҷӯриҳои ҳаёти хонаводагӣ барои куштани худ тасмим гирифтааст.

Аз аввали соли 2021 наҷотдиҳандагони КҲФ дар натиҷаи роҳандозии корҳои садам авиву наҷот наздик ба 200 нафарро наҷот доданд. 

барчасп: