Рўзҳои 10-12 ноябри соли 2021 дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳашари дастаҷамъӣ баргузор шуд, ки илова ба поккориҳо дар кӯчаву хиёбонҳо инчунин корҳои соҳилбандӣ, тоза кардани каналу ҷӯву заҳбурҳо, селроҳаҳо, партовгоҳҳо, сойҳо гузаронида шуданд.
Дар чорабинии мазкур 1880 нафар кормандони ташкилот, муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 5263 нафар аҳолии маҳалҳо, 146 адад нақлиётҳои гуногунтамға ҷалб гардида, корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд.
Аз он ҷумла, 34 515 метр ҷӯву заҳкашҳо тоза карда шуданд, дар масоҳати 425 м2 симтур хобониданд, 463 мошин сангу рег кашиданд ва дар ҷойҳои лозим рехтанд, 8235 метр роҳро сангфарш карданд, 220 метр соҳилҳои осебпазирро мустаҳкам карданд, 11425 метр каналу ҷӯйборҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна ифлосиҳо пок намуданд.
Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон дар ин чорабиниҳо иштироки фаъол дошт.
М.Муйдинов